Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди содирот қабул шуд. Дар он чӣ гуфта мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон бо афзоиши содирот, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мехоҳанд, на танҳо ашёи хом, ҳамчунин маҳсулоти тайёрро ба фурӯш бароранд. Барои ин "Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030 дар Тоҷикистон" қабул кардаанд. Қаблан, дар доираи ин барнома, ки солҳои 2021-2025-ро дар бар мегирифт, дар кишвар низоми “Равзанаи ягона” ҷорӣ гардида, қисмате аз хидматрасониҳо ба […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон бо афзоиши содирот, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мехоҳанд, на танҳо ашёи хом, ҳамчунин маҳсулоти тайёрро ба фурӯш бароранд. Барои ин "Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030 дар Тоҷикистон" қабул кардаанд.

Қаблан, дар доираи ин барнома, ки солҳои 2021-2025-ро дар бар мегирифт, дар кишвар низоми “Равзанаи ягона” ҷорӣ гардида, қисмате аз хидматрасониҳо ба шакли электронӣ гузаронида шуд. Дар ин давра ҳаҷми содирот аз 1,4 млрд доллар дар соли 2020 то ба 1,9 млрд дар соли 2024 зиёд шуд.

 

Чиро тағйир додан мехоҳанд?

Барномаи нав ба тағйири равишу услуб нисбат ба содирот равона шудааст. Ҳоло Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан ашёи хом, аз ҷумла пахта, алюминий ва маъдан мефурӯшад, ки ин иқтисодро ба нархҳо дар ҷаҳон вобаста мекунад.

Мақомот мехоҳанд, ки кишвар бо фурӯши маҳсулоти тайёр ва хидматрасониҳо, бештар даромад ба даст орад. Ин маънои коркарди ашёи хом дар дохили кишвар, истеҳсоли сарулибос, маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, таҷҳизоти барқӣ ва фурӯши он ба хориҷаро дорад.

Ҳамчунин ба иқтисоди “сабз”, аз ҷумла истифодаи нерӯи тоза ва технологияҳои экологӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. 

 

Ду гузинаи рушди содирот

Дар Барнома ду гузинаи рушд пешбинӣ шудааст: снарияи муътадил ва фаъол.

Сенарияи муътадил. Тибқи ин гузина, содирот бидуни тағйироти шадид тадриҷан афзоиш меёбад. То соли 2030 содироти молу маҳслуот метавонад то 3,8 млрд доллар ва пешниҳоди хидматрасониҳо то 600 млн доллар зиёд шавад.

Дар ҳамин ҳол, мисли пешина вобастагии кишвар ба ашёи хом шадид боқӣ монда, зиёд будани ҳаҷми воридот аз содирот идома меёбад. Чунин сенария нисбатан эҳтиёткорона шуморида мешавад.

Сенарияи фаъол. Дар гузинаи ислоҳоти фаъол тадбирҳои  рушди логистика, хадамоти рақамӣ, технологияҳои “сабз” ва дастгири тамғаҳои ватанӣ пешбинӣ мешавад.

Дар ин сурат, содирот метавонад то 4,5-4,8 млрд доллар афзоиш ёфта, ҳиссаи маҳсулоти тайёр ба таври назаррас зиёд шавад. Иқтисод бештар устувор гардида, вобастагӣ ба воридот кам мешавад.

 

Дастгирии содиркунандагон

Кумак ба тиҷорат яке аз бандҳои муҳими барнома мебошад. Мақомот мехоҳанд, ки барои роҳ ёфтани ширкатҳо ба бозорҳои хориҷӣ осонтар шавад.

Барои соҳибкорон баргузории давраҳои омӯзишӣ ва тренингҳо: чӣ гуна фурӯхтани мол дар хориҷа, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо, кор бо шарикони хориҷӣ ва риояи талаботи дигар кишварҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин содиркунандагон метавонанд оид ба масоили қоидаҳои гумрук ва меъёрҳои сифат машваратҳо дарёфт кунанд, то ки ба иштибоҳ ва хароҷоти зиёдатӣ дучор нашаванд.

 

Маблағ ва соҳаҳои афзалиятнок

Давлат тавсеъаи дастгирии содиркунандагонро ба нақша гирифтааст. Ин ҷо дар бораи қарзҳои имтиёзнок, грантҳо, суғуртаи хавфҳо ва кумак зимни роҳ ёфтан ба бозорҳои нав сухан меравад.

Ба соҳаҳое, ки метавонанд ба иқтисод нафъи бештар оранд, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва истеҳсоли сарулибос, коркарди фулузот (металлҳо), нерӯи барқ, технологияҳои “сабз”, хидматрасониҳо – сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ (IT), маориф ва тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Расмиёти душвор аксар вақт барои содироти мол халал мерасонанд. Аз ин рӯ, дар барнома минбаъд соддатар гардонидани қоидаҳо пешбинӣ шудааст. Дар ин самт рушди низоми “Равзанаи ягона”, васеъ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва тезтар анҷом додани расмиёти гумрукӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои ширкатҳои боэътимод “долонҳои сабз” бунёд карда мешаванд, то ки молу маҳсулот тезтар аз сарҳад гузарад.

Ба савдои электронӣ, аз ҷумла фурӯши молу маҳсулоти Толҷикистон тариқи майдонҳои байналмилалии онлайн таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир мешавад.

 

Барои бештар фоидаовар будани содирот, мақомот мехоҳанд, ки кластерҳои содиротиро рушд диҳанд, аз ҷумла истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, ширкатҳои логистикӣ ва хадамотро муттаҳид созанд.

Бунёд кардани чунин кластерҳо дар саноати нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ бо назардошти минтақаҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин рушди логистика пешбинӣ шудааст: сохтмони марказҳои логистикии кигшоварзӣ, таъмиру навсозии нуқтаҳои гузаргоҳ ва беҳбуди зерсохтори нақлиёт.

Ин бояд арзишро кам карда, муҳлати расонидани мол ба хориҷаро коҳиш диҳад.

 

Имконот ва хавфҳо

Тоҷикистон низ аз бартариятҳо бархӯрдор аст: нерӯи барқи арзон, иқлими мусоид барои кишоварзӣ, соҳаи дар ҳоли рушд қарордоштаи хидматрасониҳо ва мавқеи муфид дар минтақа.

Лекин мушкилот ҳам ҳаст – вобастагӣ ба ашёи хом, логистикаи гарон, таҷҳизоти фарсудашуда ва шинохти нисбатан ками тамғаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.

Миёни имконот метавон аз афзоиши талабот ба маҳсулоти экологӣ ва рушди савдои онлайн ном бурд. Миёни хавфҳо бошад, метавон калавандагии нархҳо дар ҷаҳон, тағйироти иқлимӣ ва вазъи бесубот дар ҷаҳонро зикр кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.