“Гуфтугӯи хуб ва сирф дар мавзӯи ҳастаӣ”. Мақомҳои Эрону Амрико аввалин рӯзи музокираро умедворкунанда тавсиф карданд

0

Дирӯз, 6-уми феврал дар шаҳри Масқати Уммон музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико бо раҳбарии Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ ва Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида дар умури Ховари Миёна баргузор шуд.

Ба гузориши расонаҳо, ин гуфтугӯҳо ғайримустақим ва бо миёнҷигарии Бадр ал-Бусаидӣ, вазири хориҷаи Уммон ҳудуди 8 соат давом кард.

Ароқчӣ пас аз анҷоми музокирот ба расонаҳо гуфт, мавзуи гуфтугӯ бо Амрико “сирфан ҳастаӣ” буд ва “дар хусуси ҳеҷ мавзуи дигаре” музокира намекунанд. Ӯ даври аввали музокиротро “шуруи хубе” унвон кард.

Ароқчӣ изҳор доштааст, ки имрӯз ба равшанӣ эълон кардем, ки шарт ва талаботи ҳар музокира ин аст, ки аз таҳдид ва фишор худдорӣ ва интизор дорем, ки ин чиз риоя шавад.

Ба қавли ӯ, дар бораи идомаи музокирот назарҳо мувофиқ буданд ва “қарор шуд, ки музокирот идома ёбад”.

“Вақт ва таърихи музокироти баъдӣ ва шакли он дар машваратҳои оянда тавассути ҷаноби Бадр ал-Бусаъидӣ муайян хоҳад шуд. Фазои хубе ҳоким буд ва шуруи хубе буд”, – изҳор дошт Ароқчӣ.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аббос Ароқчӣ бо ҳайати музокиракунандаи Эрон

Вазири корҳои хориҷаии Уммон музкоиротро “бисёр ҷиддӣ” тавсиф карда, гуфтааст, ки “қасд дорем дар замони мувофиқ дубора такшили ҷаласа диҳем, то натиҷаҳои он дар Теҳрон ва Вашингтон баррасӣ шаванд”.

Дертар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳам ин музокираро шарҳ дод. Ӯ музокиротро “бисёр хуб” тавсиф карда, изҳор дошт, ки “ба назар мерасад, Эрон мехоҳад ба созиш расад”. Ӯ шаби гузашта дар иёлати Флорида ба расонаҳо гуфтааст, ки “аввалҳои ҳафтаи оянда дубора (бо Эрон) дидор хоҳем дошт”.

“Онҳо мехоҳанд ба созиш расанд. Ҳамон гуна, ки бояд ҳам хоҳони тавофуқ бошад. Шумо оқибатҳои ба созиш нарасиданро медонед – паёмадҳо равшананд. Бинобар ин, бояд дид, ки чӣ иттифоқе меафтад. Ин дидор бо яке аз мақомҳои бисёр олирутбаи Эрон баргузор шуд ва хоҳем дид, ки натиҷаи он чӣ хоҳад буд. Дар зимн, агар (тавофуқ) имконпазир бошад, бисёр моил ҳастам, ки ин рӯй диҳад”, – изҳор дошт Трамп.

Раисҷумҳури Амрико дар посух ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди он ки Эрон мегӯяд, “музокирот танҳо ҳастаӣ аст ва мавзуъҳои дигареро дарбар намегирад”, кӯтоҳ гуфт, ки “пеш аз ҳама, набояд силоҳи ҳастаӣ вуҷуд дошта бошад”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Доналд Трамп

Бояд зикр кард, ки Эрон ва Амрико солҳост сари барномаи ҳастаии Теҳрон баҳс доранд ва танишҳо миёни онҳо идома дорад. Амрико мегӯяд, Эрон набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, Эрон мегӯяд, барномаи ҳастаияш сулҳомез аст.

Дар ин миён, бо миёнҷигарии кишварҳои дигар соли 2015 онҳо тавонистанд ба созиш расанд, аммо соли 2018 Доналд Трамп созишро бекор кард. Баъди он муносибатҳо боз ҳам печида шуд ва дар ниҳоят Амрико дар замони ҷанги 12-рӯзаи Исроил бо Эрон ба чанд пойгоҳи ғанисозии урани Эрон ҳамла кард.

Ҳоло Амрико нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ ва баҳриашро ба атрофи Эрон равон кардааст ва таҳдид дорад, ки дар сурати даст наёфтан ба мувофиқа, паёмадҳои он барои Эрон сангин хоҳад буд. Эрон мегӯяд, омодааст аз худ дифоъ кунад ва зери ҳеҷ фишоре гузашт нахоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

0

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади ӯро рӯзи 5-уми феврал, баъди ду рӯзи бедаракшавӣ, аз дарё пайдо кардаанд, таҳқиқ мекунанд. Мудири мактабе, ки наврас дар онҷо таҳсил мекард, мегӯяд, Ёсинҷон бегоҳирӯзӣ бо мақсади ба варзишгоҳ рафтан, аз хона баромада, бедарак шуд. Писарбачаро бегоҳии 5-уми феврал ба хок супурдаанд.

Нахуст хабари гум шудани Ёсинҷон Бобоҷонов, хонандаи синфи 8-и мактаби рақами 67 дар шаҳри Исфара дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Корбарон навиштаанд, ки ӯ аз бегоҳии рӯзи 3-юми феврал бедарак шудааст. Ду рӯз баъд, 5-уми феврал, корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари пайдо шудани ҷасади Ёсинҷонро нашр карданд.

Талоши мо барои суҳбат бо хонаводаи Ёсинҷон Бобоҷонов бесамар буд, аммо мудири мактаби рақами 67-и шаҳри Исфара 6-уми феврал, ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ кард ва баъзе ҷузъиёти онро гуфт. Ӯ гуфт, Ёсинҷон дар синфи 8 “а” дар басти дуюм таҳсил мекард ва рӯзи ҳодиса баъди итмоми дарс, ҳудуди соати 16:30 аз мактаб баромада, ба хонаашон рафтааст.

“Аз мактаб ба хонаашон рафта, хӯроки шомро хӯрда, барои рафтан ба зали варзишӣ иҷозати падару модарашро гирифта, бо дучархааш аз хона баромадааст. Вақти ба варзишгоҳ рафтан, хонаи дӯсташ рафтааст то якҷоя раванд, аммо рафиқаш гуфтааст, меҳмон доранд ва нарафтааст. Ӯ ҳам баъди ин ба самти варзишгоҳ нарафта, дар як кӯчаи “колхозчӣ”, ки аз маркази шаҳр дур аст, бедарак шудааст. Мутаасифона, дар он кӯча камера набудааст ва ягон шоҳид ҳам нест”,- гуфт мудири мактаб.

Ба гуфтаи манбаъ, хонаи Ёсинҷон аз маркази шаҳр дуртар буда, варзишгоҳе, ки мехостааст равад дар наздикии марказ қарор доштааст. Мудири мактаб мегӯяд, падари писарбача ҳамроҳи як омӯзгор дар бораи гум шудани фарзандаш ба мақомоти пулис муроҷиат кардааст.

“Рӯзи 4-уми феврал мақомот кофтанд, боз вақте, ки аз гум шудани Ёсинҷон 24-соат гузашт, дигар мақомоти дахлдорро ба ин кор вобаста карданд. Муассиса омаданд, ҳамроҳи ҳамсабақонаш сӯҳбат карданд, муфатишон саволу ҷавоб карданд. Кофтукоб шуд, мутаасифона рӯзи 5-уми феврал, соати 9:14 тариқи телефон хабар доданд, ки писарбачаро ёфтанд, аз  дарёчаи Исфара ва ӯ мурдааст”,- нақл кард номбурда.

Мудири ин мактаб мегӯяд, ҷасади Ёсинҷонро тақрибан 200-300 метр поёнтар аз ҷойе, ки нопадид шудааст, аз дарёчаи Исфара пайдо кардаанд. Ӯ мегӯяд, чун дар фасли зимистон маҷрои дарё кам шудааст, ҷасадро об набурдааст. Дучархаашро дар кӯчае, ки нопадид шудааст, аз назди мошини боркаш пайдо кардаанд.

“Ҳамроҳи омӯзгорон сардхона рафтем, ҷасадро дидем, бо сабаби дар об будан рӯю почаҳояш варам карда буданд. Аллакай табибон бадани ӯро аз ташхис гузаронида буданд. Падару модараш дар онҷо буданд. Дирӯз, соати 18:30-и бегоҳӣ ҷанозааш хонда шуд, одамони зиёд дар ҷанозааш иштирок карданд ва Ёсинҷонро ба хок супориданд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи мудири мактаб, Ёсинҷон бачаи боадаб, камгап ва оромтабиат будааст. Дар мактабе, ки писарбача таҳсил мекард, дирӯз мотам эълон шудааст ва сурати ӯро дар долони муассиса овехтаанд.

“Мақомот ҳодисаро тафтиш доранд, имрӯз (6-уми феврал) низ ба мактаб омаданд, сабти камераҳоро низ ба онҳо дастрас кардем. Ҳоло ягон хел хабар нест, мо ҳам интизор. Кӣ ин корро кард ва чаро кард? Ин саволе, ки ҳама ба якдигар дода истодааст, аммо мутаасифона ягон маълумоти аниқ нест”, – таъкид кард мудири мактаб.

Ба нақли мудири мактаб Ёсинҷон фарзанди дуюми хонавода буда, бародари бузурги ӯ дар хидмати ҳарбӣ будааст.

 

“Ҳодисаро додситонии шаҳр ва дигар мақомоти дахлдор таҳқиқ доранд”

Суруриддин Зиёваддинзода, муовини аввали раиси шаҳри Исфара низ ба “Азия-Плюс” ҳодисаи марги Ёсинҷонро тасдиқ карда, гуфт, ки ҳоло мақомоти дахлдор ҳодисаро таҳқиқ доранд.

“Ҳоло ин қазия барои ҳама муаммо аст. Мақомоти дахлдор ҳодисаро таҳқиқ карда истодаанд. Раиси шаҳр ва ҳамаи муовинон ба хонаашон рафтем ва ба волидайни писарбача таслият баён кардем”,- кӯтоҳ гуфт  Зиёваддинзода.

Аз Шуъбаи ВКД -1 дар шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ гуфтанд, ки ҳоло додситонии шаҳр ва дигар шуъбаҳои дахлдори корҳои дохилӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. 

Ҳарчанд, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон ҷинояти одамкушӣ ва сӯйиқасд ба куштор кам шудааст, аммо  ҳодисаҳои марги мармузи сокинони кишвар дар ду соли охир сару садои зиёд барпо карданд. Мақомот мегӯянд, дар 6 моҳи соли гузашта 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони одамон сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024, 13 ҳолат камтар будааст.

Дар ҳамин ҳол, охири моҳи августи соли гузашта роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз содиршавии ҷинояти одамкушӣ ва сари вақт ошкор нашудани онҳо дар кишвар нигаронӣ карда, аз зердастони худ талаб карда буданд, ки “қатлҳои солҳои гузашта, ки ҳануз кушода нашудаанд, таҳқиқ ва ошкор карда шавад”. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ин ташвишовар аст”. Давоми як сол дар обҳои Тоҷикистон 180 нафар ғарқ шудаанд

0

Зарари офатҳои табиӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ғарқшавӣ ва мушили набудани нуқтаҳои шиноварӣ, бунёди манзилҳои зист ба сокинони аз ҳодисаҳои табиӣ зарардида ва муҳоҷирони экологӣ аз мавзуҳои муҳиме буданд, ки дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуданд.

Соли 2025 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 180 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 як нафар зиёд будааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дирӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ ин оморро “ташвишовар” хонда, гуфт, “нуқтаҳое, ки барои шиноварӣ иҷозат бошад, дар кишвар бисёр кам аст”.

“Мо соли 2025 пешниҳод кардем, ки дар ҷамоатҳо, ноҳияҳо ҳавзҳои шиновариро зиёд кунанд. Дар ҳақиқат фасли тобистон дар мо гарм аст. Хоҳ нохоҳ кӯдакон оббозӣ мекунанд. Барои ҳамин, нуқтаҳо барои шиновариро бояд зиёд кунем”, – гуфт Раҳмоналӣ Раҷабалӣ ва таъкид кард, ки барои кӯмак дар ин самт ба “шарикони рушд” низ муроҷиат кардаанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

Ҳотамшо Латифзода, муовини аввали раиси Кумита рӯшанӣ андохт, ки “180 нафаре, ки ғарқ шудаанд, на ҳамаашон ҳангоми шиноварӣ буд”.

“Танҳо 40 нафар дар пайи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудаанд. Аз тарафи кормандони мо навиштаҷоти “Дар инҷо оббозӣ манъ аст. Ҳаёти худро зери хатар нагузоред” насб шудааст. Вале аз тарафи шаҳрвандон канда мешавад”, – гуфт Латифзода.

Аз теъдоди ғарқшудагон:

12 нафар то 4-сола;

26 нафар аз 5 то 10-сола;

33 нафар аз 11 то 16-сола;

66 нафар аз 17 то 35-сола;

43 нафар аз 35-сола боло.

Аз теъдоди умумии ғарқшудагон 32 зан ва 148 мард будаанд.

Ҳамчунин, давоми соли гузашта 40 нафари дигар наҷот дода шудааст.

Масъулини ин ниҳод сабабҳои асосии ғарқшавии шаҳрвандонро риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, беназоратии волидон, беэҳтиётӣ, дарёфти ҷасадҳо, садамаҳои нақлиётӣ, худкушӣ, мастӣ ва касалии рӯҳӣ гуфтанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳотамшо Латифзода

“Офатҳои табиӣ беш аз 20 млн сомонӣ зарар расонид”

Соли 2025 дар Тоҷикистон 287 ҳодисаи фавқулода ва офати табиӣ сабт шудааст. Раҷабалӣ Раҳмонзода гуфт, дар пайи он 6 нафар ҷон бохта, ба иқтисоди кишвар 20 миллиону 758 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Ӯ зикр кард, ки соли 2024 дар кишвар 639 ҳолати фавқулода сабт шуда, зарари расида аз онҳо беш аз 161 миллион сомониро ташкил дода буд.

“Бар асари офатҳои табиӣ дар соли 2025 ҳамагӣ 676 хона, аз ҷумла 67 хона пурра, 283 хона қисман, 326 хона сабук, 161 иншооти ёрирасон, 4 иншооти хоҷагии халқ, 12 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 3 дармонгоҳ ва ташхисгоҳ, 7 иншооти маданиву маишӣ, 23,1 км роҳи нақлиёт, 1 пули мошингузар, 358 метр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 5,2 км хатҳои интиқоли барқ, 22,8 км хатҳои обёрӣ ва каналҳо, 71,8 гектар зироатҳои хоҷагии қишлоқ зарар дидаанд”, – гуфт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Дар ин давра, барои оилаҳои зарардида 347 хонаи истиқоматӣ сохта шудааст.

Зикр шуд, ки аз ҳисоби бунёди раисҷумҳур ва ҳукумати кишвар 78 млн сомонӣ ба зарардидагон кӯмакҳои якдафъаинаи моддӣ, маводи хӯрока, ҷиҳози рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида шудааст.

Раҷабалӣ Раҳмонзода ғарқ шудани ду сарбози Вазорати мудофиаро дар рӯдхонаи Вахш тасдиқ карда, гуфт, дар ҳамкорӣ бо ин вазорат чанд маротиба корҳои ҷустуҷӯӣ анҷом додаанд, вале ба гуфта ӯ, ягон натиҷа надодааст. Ин ду сарбоз моҳи июл дар ноҳияи Кушониён дар наздикии размоишгоҳи “Ҳарбмайдон” ғарқ шуда буданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамшед Камолзода

Минтақҳои хавфнок 60 адад кам шудааст

Зимни нишаст ҳамчунин зикр шуд, ки шумораи минтақаҳои хавфнок дар кишвар кам шудааст. Ҷамшед Камолзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ин Кумита гуфт, соли 2022 дар кишвар 1 ҳазору 209 минтақаи хавфнок муайян шуда буд.

“Ҳоло 1 ҳазору 149 минтақаи хавфнок муайян шудааст ва 60 минтақаи дигар аз сабаби анҷом додани корҳои пешгирикунанда, соҳилбандӣ ва кӯчонидани аҳолӣ аз ин минтақаҳо ба ҷойи бехавф кам шуданд”, – гуфт Камолзода.

Ӯ ҳамзамон тавзеҳ дод, ки соли 2025 кӯчонидани 175 оила ба ҷойҳои бехавф ба нақша гирифта шуда буд ва кӯчонидани 174 оила тасдиқ шуд.

“161 оила бо қитъаи замин ва кӯмаки якдафъаинаи моддӣ ва қарзи имтиёзнок таъмин шуданд”, – зикр кард ӯ ва таъкид кард, ки ба 13 оилаи аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ қитъа замин ҷудо карда нашуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин нақша дорад, соли 2026 низ 175 оиларо аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амнтар кӯчонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 15:00 дар Театри академии русии ба номи Маяковский намоишномаи “Найрангҳои Скапен” (“Плутни Скапена”) ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоми мусиқии Содиқ Нуруллоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон баргузор мешавад. Консерт бо унвони “Нозам аз бахти баланд…” ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мешавад.

Гуфта мешавад, ки Содиқ Нуруллоев ва аҳли эҷоди театр ҳам арияҳо аз операҳои машҳур ва ҳам сурудҳои ватании маҳбубро иҷро мекунанд. Арзиши билет аз 30 то 50 сомонӣ буда, аз хазинаи театр (2216291) ва ё сомонаи Echipta.tj метавон дастрас кард.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2002 – Дар Душанбе бори аввал вохӯрии донорҳо ва муассисаҳои молиявии байналмилалӣ бо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2008 – Фармони президент дар бораи “Вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” ба имзо расид. Дар асоси он мансабдорон уҳдадоранд, ки ба ҳар як мақолаи танқидӣ ва таҳлилии рӯзноманигорон вокуниш кунанд. Чизе ки дар амал қариб, ки иҷро намешавад.

Соли 2018Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон маҳдудияти синнусолиро барои номзадҳо ба мақоми президентӣ тасдиқ кард. Акнун номзад бояд на камтар аз 30-сола бошад.

Соли 2019 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”-ро қабул кард. Мувофиқи он минбаъд шахсоне, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қасдан содиршуда маҳкум шудаанд, ҳаққи кор дар мақомоти давлатиро надоранд.

Соли 2020 – Роҳбарияти “Тоҷик Эйр” эълон кард, ки тақрибан нисфи кормандонаш бинобар ихтисор ва ба нафақа рафтан аз даст додааст.

Соли 2022 – Роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон изҳор дошт, ки “нақшаи генералии Душанбе ҳуҷҷати махфӣ мебошад”.

Соли 2022 – Сафири нави Белгия дар Тоҷикистон ба Душанбе омад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1910 – Мавлуди Миркарим Саидов, коргардони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1947 – Зодрӯзи Неъмат Халилов, коргардони телевизион.

Соли 1949 – Мавлуди Маҳбуба Неъматзода, шоири тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳбуба Неъматзода

Маҳбуба Неъматзода, ки асосан барои кӯдакону наврасон эҷод мекунад, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯзноманигорӣ хатм ва минбаъд дар ин ришта фаъолият кардааст.

Ӯ муаллифи чандин китобҳои шеъру ҳикоя ва афсонаҳо буда, маҷмуаҳои “Духтари заргар”, “Меҳрубон”, “Гиря кунам ё ки на?”, “Модари ҷон, модарам” аз ҷониби кӯдакону наврасон хуш пазируфта шудаанд.

Соли 1961 – Мавлуди Ҷовид Муқим рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷовид Муқим

Имрӯз мавлуди журналисти шинохтаи тоҷик Ҷовид Муқим (Муҳаммадӣ Муқимов) аст. Корномаи рӯзноманигории ӯ басо чашмрас аст ва солҳо дар рӯзномаҳои “Паёми Душанбе”, “Тоҷикистон”, “Нерӯи сухан” ва Радиои Озодӣ фаъолият кардааст.

Ӯ яке аз аввалин хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон буд ва дар солҳои 1990-ум бо риояи тавозун дар матолибаш аз рухдодҳои ҷанги шаҳрвандӣ шинохтатар ҳам шуд.

Аз кори амалии рӯзноманигорӣ ба тадрис рӯ овард ва ҳоло доктори улуми филология, профессори факултаи журналистикаи ДМТ мебошад. Дар омода кардани рӯзноманигорони ҷавон ва кадрҳои илмӣ саҳми бориз гузоштааст.

Муаллифи беш аз 1000 маводи журналистӣ, 75 мақолаи илмӣ, 5 монография ва даҳҳои дастурҳои таълимӣ аст.

Ҷовид Муқим ба эҷоди бадеӣ низ машғул буда, 5 китобаш бо номҳои “Вақте мард мегиряд” (2007), “Ишқи деромада” (2008), “Ишқи мӯйсафед” (2012), “Қасос” (2013), “Хиёнат” (2015) ба чоп расидаанд.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ мебошад.

Соли 1980 – Зодрӯзи Муҳаммадрабии Исмоил, коргардони тоҷик.

Муҳаммадраббии Исмоил яке аз коргардонҳои пурмаҳсули тоҷик буда, фитлмҳои офаридааш дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок ва соҳиби ҷоиза гардидаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадрабии Исмоил

Ӯ баъди хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси коргардони телевизион ва радио солҳо дар Телевизиони Тоҷикистон, Симои мустақили Тоҷикистон, ТВ "Сафина" ҳамчун коргардон ва саркоргардон кор кардааст. Аз соли 2016 инҷониб саркоргардони телевизиони “Синамо” буд ва ҳоло дар “Тоҷикфилм” ба фаъолияти ҳунарӣ машғул аст.

“Иштибоҳ”, “Сенздаҳ солу се моҳ”, “Сарнавишт”, “Фасли рӯъё”, “Муфаттиш”, “Бозии тақдир”, “Охирин сайди сайёд” аз маъруфтарин филмҳое мебошанд, ки бо коргардонии ӯ рӯйи пардаи синамо омадаанд.

Соли 1988 – Мавлуди Нозияи Кароматуллоҳ, овозхони шинохтаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нозияи Кароматулло

Ӯ фарзанди Кароматуллоҳ Қурбонов, сарояндаи маъруфи тоҷик буда, дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва Консерваторияи Ҳиндустон таҳсил кардааст.

Ӯ соли 2006 ба саҳнаи санъати тоҷик қадам ниҳода, то имрӯз чандин сурудҳои марғуб офаридааст. Таронаҳои “Нагӯ, нагӯ”, “Бе ту мемирам”, “Майда, майда”, “Биёӣ”, “Дареғ” намунаи таронаҳои маъруфи ӯянд.

Ҳоло Нозияи Кароматулло узви ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радио аст, ки бародараш Муҳаммадрофии Кароматулло роҳбари бадеии ҳамин ансамбл мебошад.

Соли 1998 – Зодрӯзи Чоршанбе Аловатов, овозхони тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Чоршанбе Аловатов

Чоршанбе Аловатов овозхонест, ки аз синаи кӯҳсор ба саҳнаҳои бузурги Осиёи Марказӣ роҳ ёфт. Ӯ дар хонадони мусиқидон ва овозхони маъруф Ақназар Аловатов ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ бо олами мусиқӣ қадам ниҳод.

Чоршанбе ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ ба мусиқӣ машғул шуда, бо хатми синфи 9 роҳи ҳунарро ба таври ҷиддӣ интихоб намуда, ба Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе дохил шуд ва баъдан дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳсил кардааст.

Аз соли 2018 Чоршанбе Аловатов ба ҳайси овозхон дар Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар таронаҳояш суннати мусиқии мардумӣ бо сабки муосир пайваст шудааанд ва аз бозхонии сурудҳои мардумӣ то эҷоди таронаҳои муаллифӣ Чоршанберо ҳамчун ҳунарманди ҷӯянда ва эҷодкор муаррифӣ кардааст.

Соли 2019 ӯ барандаи ҷоизаи асосии озмуни “Central Asia’s Got Talent” гардид. Ин пирӯзӣ на танҳо муваффақияти шахсӣ, балки дастоварди фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ буд.

Соли 2010 – Фаррух Қосим, ҳунарпеша ва коргардони маъруфи театри тоҷик ва асосгузори театри “Аҳорун” дар синни 62-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фаррух Қосимов

Фаррух Қосим дар хонаводаи ҳунармандони саршиноси театр ва синамои тоҷик Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ҳарчанд волидайн бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мавҷуд дар зиндагии ҳунармандон фарзанди худро барои омӯзиш ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба бахши физика равона карданд, аммо баъд аз як соли таҳсил дар донишгоҳ Фаррух онро тарк кард ва дар Донишгоҳи санъати Точикистон барои таҳсил дар бахши ҳунарманди синамо ва театр пазируфта шуд.

Баъд аз поёни давраи донишгоҳ Фаррухи ҷавон дар Театри Лоҳутӣ ба унвони ҳунарпеша ва коргардон тайи 20 сол фаъолият намуд ва сипас бо дархости гурӯҳе аз ҳунармандони Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, коргардонии ин гурӯҳро бар ӯҳда гирифт.

Ҳамзамон пас аз фурӯпошии Шӯравӣ Фаррух Қосим театри худро бо номи “Аҳорун” таъсис дод (ҳоло театри таҷрибавии ба номи Муҳаммадҷон Қосимов) ва марҳилаи дурахши ҳунарии Фаррух Қосим оғоз ёфт. 

Намоишномаҳои ӯ – “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…”, “Даҷҷол”, “Исфандиёр”, “Шоҳ Фаридун”, “Хонасӯзон”, "Раъно" ва "Тортюфт" ҳунар, маҳорат ва тавоноии театри тоҷикро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз кишвар муарифӣ намуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1895 бандари Хоҷибей ба Одесса тағйири ном кард. Дар ибтидои солҳои 1760-ум туркҳо дар маҳаллаи Хоҷибей як қалъаи хурд бунёд карданд. Дар ҷанги Русияву Туркия дар моҳи сентябри соли 1789, ин қалъа аз ҷониби отряди рус таҳти фармондеҳии генерал Осип Дерибас ишғол гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳи майи соли 1794 тарҳи бандар ва шаҳр тасдиқ шуд ва соли 1795 бандари нав киштиҳоро қабул мекард. Шаҳр ба яке аз марказҳои бузурги тиҷорати хориҷии Русия табдил ёфт. Бо амри Екатеринаи II, шаҳр ба Одесса номгузорӣ шуд.

7 феврали соли 1568 аврупоиҳо ҷазираҳои Соломонро кашф карданд. Дар ин рӯз маллоҳи испанӣ Алваро Мендания де Нейра, ки бо ду киштӣ аз бандари Каляои Перу ба сафар баромада буд, пас аз се моҳи шино дар самти ғарб, ба шарқи Гвинеяи Нав ба гурӯҳи ҷазираҳо расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мендания онҳоро Ҷазираҳои Соломон номид, зеро бовар дошт, ки ин ҳамон сарзамини Офир аст, ки мувофиқи ривояти библиявӣ, аз он ҷо ба шоҳ Сулаймон тилло ва ҷавоҳирот барои ороиши маъбади Эрусалим оварда мешуд.

Имрӯз ҷазираҳои Соломон як давлатест дар қисми ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором, дар минтақаи Меланезия ҷойгор аст. Он аз 992 ҷазира иборат буда, пойтахташ шаҳри Хониара мебошад.

7 феврали соли 1863 муҳандис Алан Крей дар ИМА аввалин оташхомӯшкуни патентшуда (огнетушител)-ро ихтироъ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ихтироъкор Шефтал бошад дар охири асри XIX оташхомӯшкунаки тарканда бо номи “Пожарогаз”-ро сохт, ки бомуваффақият таблиғ ва фурӯхта шуд. Бо мурури замон, оташхомӯшкунакҳои бо маводи хокаӣ пайдо шуданд, ки то имрӯз истифода мешаванд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.  Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.  Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4-9º сард,  дар баъзе минтақаҳо то 13-15º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 5-7º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 7 ба 8-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Парвандаи Қобилҷон зери назорати раисҷумҳур аст”. Русия дар робита ба ин қазия ба Тоҷикистон маълумоти расмӣ пешниҳод кардааст

0

Русия дар бораи рафти таштишоти парвандаи Қобилҷон Алиев, кӯдаки 10-солаи тоҷик, ки моҳи декабри соли 2025 дар Русия кушта шуд, ба мақомоти Тоҷикистон маълумоти расмӣ пешниҳод карда, ҷониби Тоҷикистонро итминон додааст, ки масъала “зери назорати махсус қарор дорад”.

Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, аз ҷониби Кумитаи таштишотии ин кишвар дар Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷинояткор дастгир ва бо ҷурми содир кардани одамкушӣ ва суиқасд барои одамкушӣ дар ҳолати вазнинкунанда айбдор эълон шуд ва сипас аз ҷониби суд нисбат ба ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс интихоб гардид”, – шарҳ дод вазир.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сироҷиддин Муҳриддин

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Русия гуфтааст, “дар бораи натиҷаҳои минбаъдаи тафтишот иловатан огоҳ хоҳад кард”. Аммо вазири тоҷик дар бораи вакили дифоъ доштан ва ё надоштани волидони Қобилҷон иттилоъ надод. Ҳамчунин, маълум нест, ки мурофиаи додгоҳии ӯ кай оғоз мешавад.

Сироҷиддин Муҳриддин фоҷиаеро, ки бо фарзанди даҳсолаи тоҷик рух дод, “дарди тамоми мардум” номид.

“Аз рӯзи нахустин ин масъала зери назорати махсуси раисҷумҳури кишвар қарор дошта, Вазорати корҳои хориҷӣ низ онро зери назорати худ гирифтааст”, – илова кард ӯ.

Ҳамчунин, вазири корҳои хориҷӣ дар робита ба ҳифзи кӯдакони муҳоҷирон ва дигар шаҳрвандони тоҷик дар Русия гуфт, вазорат ҳамеша бо ҷониби Русия дар тамос аст ва байни сохторҳои Тоҷикистону Русия “корҳои зиёд бурда истодааст”.

Ба қавли ӯ, ҳар як ҳодисае, ки дар ин кишвар бо шаҳрвандони Тоҷикистон рух медиҳад, зери назорат гирифта мешавад ва тамоми сохторҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвар дар Русия, “барои ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон чораҳои зарурӣ ба роҳ мондааст.

“Лекин шумо медонед, ки Русия ниҳоят кишвари бузург аст ва дар ҳар ноҳияву деҳааш шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Саривақт ба ҳамаи онҳо кумак расонидан ба намояндагони сохторҳои мо каме мушкилӣ ҳам мекунад. Лекин ба ҳамин нигоҳ накарда, ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷониби Русия вуҷуд дорад”, – гуфт ӯ.

Ба қавли вазир, бо вуҷуди он ки баъзан ҳодисаҳои нохуш ҳам рух медиҳанд, “дар сатҳи ҳукуматӣ ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта, ҳамкориҳо давом хоҳанд кард”.

Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд. Ҷасади навраси тоҷикро 18-уми декабри 2025 ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

Ба куштори Қобилҷон Алиев мақомоти тоҷик, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зуд вокуниш кард ва сафири Русия дар Душанберо даъват карда, нота супорид. Коршиносон омили аслии ин фоҷеаро маҳз натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия маънидод карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

0

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Русия, ки ҳамчун бо бахши истихбороти ҳарбии ин кишвар маъруф аст, сӯиқасд сурат гирифтааст. Ӯ ҷароҳат бардошта, дар бемористон дар ҳолати вазнин бистарӣ аст.

Дар ин бора расонаҳо бо такя ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия хабар додаанд. Аз ҷумла, ВВС навиштааст, “шахси номаълум дар зинапояи даромадгоҳи манзили истиқоматӣ дар лаҳзаи берун шудани генерал аз хонааш а пушташ ба Алексеев чанд тир холӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст”. Ба эҳтимоли мақомоти қудратӣ, сӯиқасдкунанда зан аст ва ҳодиса рӯзи 6-уми феврал сурат гирифтааст.

“Ҷабрдида дар яке аз беморхонаҳои шаҳр бистарӣ карда шуд”, – гуфтааст сухангӯи расмии ин ниҳод Светлана Петренко.

Дар бораи вазъи саломатии Алексеев маълумоти расмӣ вуҷуд надорад. Телеграм – канали “Baza”, ки ба мақомоти қудратии Русия наздки аст, хабар медиҳад, ки “вазъи генерал вазнин аст”.

Дар ҳаимн ҳол, нашрияи “Коммерсант” бо такя ба манбаъҳояш навиштааст, ки ҳамлагар дасту пои генералро захмӣ карда, як тир ба узви муҳими бадани генерал ҳам расидааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, нисфирӯзии имрӯз эълон кард, ки Владимир Путин аз сӯиқасд ба Алексеев огоҳ карда шудааст.

Дар робита ба ин ҳамла бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор ва қочоқи ғайриқонунии силоҳи оташфишон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар расонаҳо Владимир Алексеев яке аз чеҳраҳои матраҳи низоми қудратии Русия муаррифӣ мешавад ва соли 2017 ба ӯ унвони Қаҳрамони Русия дода шудааст.

Ба иттилои расонаҳо, Алексеев яке аз ҷалбкунандагони “ихтиёриён”-и артиши Русия дар ҷанги Украина мебошад ва тобистони соли 2023 ӯ дар музокирот бо асосгузори “Вагнер” Евгений Пригожин дар давраи шӯриш ширкат варзидааст.

Ин аввалин кӯшиши сӯиқасд ба як афсари баландпояи низомии Русия аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина нест. Моҳи декабри соли 2025 дар Маскав таркиши мошин рух дод, ки дар натиҷа генерал Фанил Сарваров, сардори Шӯъбаи омодагии амалиётии Ситоди кулли Русия, ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба ҳалокат расид.

Дар моҳи апрели соли гузашта генерал-лейтенант Ярослав Москалик ва дар моҳи декабри соли 2024 генерал-лейтенант Игор Кириллов ва ёвари ӯ Иля Поликарпов тарконида шуданд. Дар пайванд ба қатли Криллов, як шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳабси абад ва се тани дигар ба муҳлати 25, 22 ва 18 сол равонаи зиндон шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ фаъолияташро қатъ накардааст

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ фаъолияташро идома медиҳад. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Афғонистон моҳи декабри соли гузашта навишта буданд, ҳукумати Толибон* ин консулгариро бастааст. Он замон ВКХ Тоҷикистон ҳам ин иттилоъро тасдиқ карда буд.

Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, рӯзи 6-уми феврал изҳор дошт, ки “Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ аз моҳи апрели соли 2003 ифтитоҳ шуда, то ба имрӯз фаъолият дорад”.

“Бо таваҷҷуҳ ба пайвандҳои ногусастании таърихӣ ва ҳамзабонии нек миёни мардуми Тоҷикистон ва Афғонистон кишвари мо дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ-байналмилалии пазируфташуда фаъолияти он намояндагииро мувофиқи мақсад медонад”, – изҳор дошт вазири корҳои хориҷи Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Расонаҳои Афғонистон моҳи декабри соли гузашта навишта буданд, ки ҳукумати Толибон* дар Афғонистон Нақибуллоҳ Деҳқонзода, консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистонро аз кор ронда, аз 15-уми декабри соли 2025 фаъолияти Консулгарии Афғонистон дар ин шаҳҳрро қатъ кардааст.

Рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон навишта буд, ки Нақибуллоҳ Деҳқонзода, ки консули ҳукумати пешини Афғонистон дар Хоруғ буд, пас аз тағйири қудрат дар ин кишвар бо Толибон ҳамкорӣ дошт. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ 120 ҳазор доллар даромадҳои ҳосилшуда аз хадамоти консулиро ба Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон интиқол додааст.

Он замон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари баста шудани консулгарии Афғонистон дар Хоруғро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфта буданд, “ин тасмими худи ҳукумати ҳоким дар Афғонистон аст”.

Расонаҳои Афғонистон гузориш дода буданд, ки барканории Деҳқонзода дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Толибон тасмим доштанд ӯро ба ҷои Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, ба ҳайси сафири нав муаррифӣ кунанд.

Мақомоти расмии ҳукумати Толибон то ҳол дар робита ба баста шудани консулгарии Хоруғ изҳороти расмӣ нашр накардаанд.

Нақибулло Деҳқонзода моҳи ноябри соли 2023 ва пас аз ду соли ба қудрат расидани ҳукумати Толибон дар Афғонистон эълон карда буд, ки Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон расман фаъолият мекунад ва он мустақил буда, мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон қарор дорад.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.

Аз ҷумла, охири соли гузашта расонаҳо о дар бораи сафари Юсуф Вафо, волии вилояти Балх ба Душанбе ва дидораш бо  бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. 

Пештар аз ин, боз ҳам расонаҳои Афғонистон навишта буданд, ки Саймумин Ятимов ба Кобул сафар карда, бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро тасдиқ ё рад накарданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

0

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух ба суоли роҳ наёфтани варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои зимистонаи 2026, ки имсол дар Италия мегузарад, гуфт, “Тоҷикистон шароити зарурӣ барои тамрини варзишгарон дар намуди бозиҳои зимистона надорад”.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона-2026 имрӯз, 6-уми феврал баргузор мешавад ва бори сеюм аст, ки Тоҷикистон пайдарпай дар ин мусобиқа ширкат карда наметавонад.

“Ҳарчӣ дар имконияту салоҳияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи миллии олимпӣ буд, истифода бурдем. Ба ҳамаи шумо, зерсохт, имконият ва пойгоҳ аён аст. Мо як пойгоҳи зимистонаи олимпӣ ва як мактаби зимистонаи варзишӣ дорем. Хатти лижаронии мо ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нест”, – шиква кард Гулаҳмадзода.

Ӯ дирӯз, 5-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳарчанд ба варзишгарони намуди зимистона идрорпулӣ ҷудо шуд ва дар хориҷа ба тамрин фаро гирифта шуданд, вале холи заруриро барои гирифтани иҷозатнома ба даст оварда натавонистанд.

Ҳамчунин, дар ин нишаст, Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпи Тоҷикистон гуфт, ки нақша доштанд, чор варзишгари тоҷикро ба ин бозиҳо сафарбар кунанд, “вале варзишгарон холи заруриро барои ба даст овардани роҳхат соҳиб нашуданд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадшо Абдуллозода аз дасти рост

“Дар мо боду ҳаво мусоид нест. Бояд варзишгар ҳар рӯз тамрин кунад. Вале дар мо фақат моҳи январ ва феврал зимистон аст, ки на ҳамеша барф меборад”, – таъкид кард Абдуллозода.

Дар ҳамин ҳол, Зулфиқор Гулаҳмадзода зикр кард, ки Кумитаи кор бо ҷавонон барои тамрин кардани варзишгарон дар намуди варзишҳои зимистона бо Эрон ва Чин созишнома бастааст. Ҷузъиёти ин созишнома маълум нест.

Варзишгарони тоҷик охирон бор дар Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочии Русия иштирок карда буданд.

Коршиносони соҳаи варзиш сабабҳои инро ба мавҷуд набудани заминаи доимии омодагӣ, тақвими маҳдуди мусобиқаҳо оид ба навъҳои варзиши зимистона дар дохили кишвар нисбат медиҳанд.

 

Соҳибкорон бо 76 млн сомонӣ иншооти варзишӣ сохтаанд

Зулфиқор Гулаҳмадзода дар идомаи нишаст иттилоъ дод, ки  соли 2025 соҳибкорон ба маблағи беш аз 76 млн сомонӣ иншооти варзишӣ сохтаанд. Ӯ зикр кард, ки соли гузашта дар умум, 174 иншооти соҳаи варзиш бо маблағи беш аз 174 миллион сомонӣ сохта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зулфиқор Гулаҳмадзода аз дасти рост

Ба гуфтаи вай, ин иншоотҳо бо маблағи 96 миллиону 630 ҳазор аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 76 миллиону 808 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби “соҳибкорону шахсони саховатпеша” сохта шудааст.

“Рушди варзиш дар кишвар эҳсос шуда истодааст ва аллакай таваҷҷуҳ ба соҳаи бозорёбии варзишӣ ба бунёди иншоотҳои хусусӣ аз ҷониби соҳибкорон талабот зиёд аст”, – гуфт Гулаҳмадзода.

 

Ҷинояткорӣ миёни ҷавонон кам, вале миёни наврасон бештар шудааст

Зулфиқор Гулаҳмадзода дар нишасти хабарӣ аз афзудани ҷинояткорӣ миёни наврасон изҳори нигаронӣ кард, вале гуфт дар ин баробар миёни ҷавонон коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 3 ҳазору 116 ҷиноят аз тарафи ҷавонон ё бо иштироки онҳо сабт гардидааст, ки нисбати соли 2024-ум 27,2 дарсад ё 848 ҳолат кам будааст. Вале ӯ аз омори ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби ноболиғон ном набурд.

“Навраси имрӯза ҷавони оянда аст. Агар ба сини наврасӣ ба ин кор даст занад, теъдод зиёд шавад, онҳо ҷавон мешаванд ва барои тамоми соҳа мушкилӣ эҷод мешавад”, – гуфт Гулаҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ ниҳоди зертобеаш барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар гӯшаву канори кишвар “садҳо вохӯрӣ гузаронидааст”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмӣ шуданд. Ҳамчунин, моҳи ноябри соли гузашта  ҳам дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон дар  Душанбе ду наврас куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфтанд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аз музокироти Эрон ва Амрико истиқбол мекунем”. Мавқеи Тоҷикистон дар робита ба дидору гуфтугӯи Ароқчӣ ва Уиткофф

0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон аз музокироти Эрон ва Амрико, ки чанде пеш дар шаҳри Масқат, пойтахти Уммон оғоз шуд, “истиқбол мекунад”.

Музокироти ҳастаӣ миёни Теҳрон ва Вашингтон бо иштироки Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна чанд лаҳза пеш дар шаҳри Масқат оғоз шуд.

Вазири корҳои хориҷии кишвари мо имрӯз, 6-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон ҷонибдори ҳифзи сулҳу субот, амният ва оромӣ буда, бар ин назар аст, ки тамоми ихтилофот танҳо тавассути муколамаҳои созанда ҳаллу фасл шавад.

“Мавқеи Тоҷикистон дар пояи ҳуқуқи байналмилалии эътирофшуда, аз ҷумла, эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ ва дахолат накардан ба умури дохилии давлатҳо шакл мегирад”, – гуфт вазир.

Ӯ аз изҳороте, ки ин ниҳод дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна, бахусус, Эрон чанд рӯз пеш нашр карда буд, ёд оварда, дубора таъкид кард, ки “ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези низоъ ҳаст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аббос Ароқчӣ ва Стив Уиткофф

Ҳамчунин, ӯ дар робита ба муносибатҳои Тоҷикистону Эрон илова кард, ки равобити байни кишварҳо бар пояи дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак устувор шуда, “дар доираи заминаи мустаҳками таърихиву фарҳангӣ тақким мешавад ва ҳамкориҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ пайваста инкишоф меёбанд”.

Бояд гуфт, Аббос Ароқчӣ дирӯз, 5-уми феврал, эълон кард, ки музокироти ҳастаӣ миёни Теҳрон ва Вашингтон 6-уми феврал, яъне имрӯз дар шаҳри Масқат, пойтахти Уммон баргузор мешавад.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки мақомҳои эронӣ ва амрикоӣ бо раҳбарии Аббос Ароқчӣ ва Стив Уиткофф рӯзи 6-уми феврал дар Истанбул дидор хоҳанд кард.

Бояд гуфт, соли 2025 Амрико ва Эрон байни худ панҷ музокирот доштанд, вале бенатиҷа анҷомиданд. Баъдан бо далели ҳуҷуми Исроил ба Эрон ва баъдан, ҳамроҳ шудани Амрико ба ин ҳуҷум, музокирот қатъ шуд.

Вазъ дар Ховари Миёна дар пайи таниш миёни Амрико ва Эрон ва ҳушдорҳои ҳарду тараф, ҳамчунин, фиристода шудани нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва баҳрӣ аз сӯйи Вашингтон ба ин минтақа ва дар ҳолати омодабош қарор доштани артиши Эрон, муташанниҷ боқӣ мемонад. Коршиносон аз эҳтимоли оғози як низои дигар ё ҳамлаи Амрико ба Эрон ҳушдор медиҳанд.

 

“Дар пайи эътирозҳои Эрон ягон тоҷикистонӣ осеб надидааст”

Сироҷиддин Муҳриддин, имрӯз ҳамчунин гуфт, дар пайи эътирозҳои охири Эрон аз шаҳрвандони Тоҷикистон касе осеб надидааст.

“Сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо вуҷуди набудани иртиботот дар он рӯзҳо, дар доираи имконоти мавҷудаи худ то ҳадди имкон бо баъзе тоҷикистониёни муқими Эрон дар тамос буданд ва онҳоро раҳнамоӣ карданд”, – шарҳ дод ӯ.

Бояд гуфт, мақомоти Эрон ахиран гуфта буд, ки дар пайи эътирозҳои охир дар ин кишвар 3 ҳазору 117 тан ҷон бохтаанд, ки аз ин 2 ҳазору 427 шаҳрванди оддиву кормандони нерӯҳои амниятӣ ва 690 “террорист ва шӯришгар” будаанд.

Ҳамчунин, гуфта мешуд, ки  "миёни ҷонбохтагон теъдоди зиёде роҳгузарон, занону кӯдакон ва пиронсолон буданд".

Ёдрас мешавем, ки эътирозҳо дар Эрон поёни моҳи декабри соли гузашта дар пайи уфти арзиши пули риёл (пули миллии Эрон) ва афзоиши таваррум оғоз шуд ва чанд рӯз давом кард. Дар пайи даргириҳо интернет дар Эрон қатъ шуда, маълум нест, ки вазъ ҳоло дар дохил чӣ гуна аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Салом, мешавад 7500 қарз гирам? Имрӯз соати 22:00 бармегардонам”. Роҳи нави қаллобӣ дар “Телеграм”

0

“Ба ман аз номи модарам паём омад, ки “фавран” ба пул ниёз дораду то фардо бармегардонад. Вақте навиштам, ки маблағи гуфтаашро надорам, гуфт “Чи қадаре дошта бошед, фиристед, ҳатто як қисмаш ҳам мешавад”. Ин нақли як сокини шаҳри Душанбе аст, ки чанд рӯз пеш қаллобон саҳифаи модари ӯро дар “Телеграм” рахна карданд ва ба маълумоти шахсиаш дастрасӣ пайдо карданд.

Холида Муродова (ном иваз шудааст), қаҳрамони мо мегӯяд, танҳо баъд аз тамос бо модараш маълум кард, ки ин паём аз ҷониби қаллобон фиристода шудааст. Ӯ ба “Азия-Плюс” афзуд, дар он лаҳза танҳо дар фикри кумак ба азизтарин шахсаш буд ва қариб, ки ба доми қаллобон афтад.

Ин ягона ҳолате нест, ки қаллобон мехоҳанд, бо истифода аз Телеграм ба маълумоти шахсии корбарон дастрасӣ пайдо кунанд. Дар чанд рӯзи охир даҳҳо корбари ин шабака нигаронӣ карданд, ки қаллобон ба саҳифаи шахсии онҳо дастрасӣ пайдо карда, аз номи онҳо аз дӯстону наздиконашон пул талаб кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Намгирифти яке аз паёмҳо

Аз ҷумла, Зуля Раҳматова, яке аз корбарони Фейсбук ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар саҳифааш ҳушдор дод, ки қаллобон аксҳои ӯро истифода бурда, аз номаш ба шахсони хайрхоҳ паём мефиристанд ва аз онҳо маълумоти корти бонкиашонро мепурсанд”

“Мутаассифона, бисёре аз қурбониён пай намебаранд, ки инҳо қаллобонанд ва боварӣ доранд, ки ин корро ман анҷом медиҳам. Ман аллакай чанд маротиба ба мақомоти дахлдор  муроҷиат кардам ва ба ҳамаи зарардидагон тавсия медиҳам, ки ҳатман ариза нависанд. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон пеши роҳи чунин ҳолатҳоро гирифт”, – мегӯяд Зуля Раҳматова.

Ҳамчунин, Лола Мерганова, рӯзноманигори тоҷик ҳам дар саҳифааш дар “Фейсбук” навишт, ки саҳифааш дар “Телеграм” аз тарафи қаллобон шикаста шудааст ва ба ҳама рақами дар телефонбудааш бо чунин мазмун паём фиристодаанд: "Салом норохат карданам нокулай аст, мешавад 7 500 карз гирам? Имруз соати 22:00 бармегардонам".

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Ӯ мегӯяд, муайян кардааст, ки рақаме, ки қаллабон гузоштаанд, Корти миллии Душанбе сити аст, вале вақте ӯ ба ин бонк муроҷиат карда, хостааст “фаҳмед, ки ин рақами корти кӣ аст ва онро блок кунед. Шояд соҳиби ин корт ҳам дарак надошта бошад, ки суратҳисобашро қаллобон истифода кардаанд”, посух гирифтааст, ки бояд аввал ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) ариза нависед ва “агар онҳо ба мо супориши блок кардани ин кортро диҳанд, мо мекунем”.

Ин бори аввал нест, ки сокинон аз рахна шудани саҳифаҳояшон шикоят мекунанд. Дар гузашта  ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тселл”, “Тойота”, “Беко”, бонкҳои “Эсхата”, “Алиф” “Амонатбонк”, "Душанбе Сити Бонк" ва шахсиятҳое, чун раисҷумҳуру шаҳрдори Душанбе талош кардаанд сокинонро фиреб диҳанд. 

Дар робита ба чунин  фейкҳо мақомоти Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дода буданд, вале то кунун сокинону ширкатҳои алоҳида аз ин навъи қаллобӣ хабарҳо нашр мекунанд. Ҳар дафъа фиребгарон роҳҳои наву мураккабтари қаллобиро пайдо мекунанд, то маълумоти шахсии корбаронро ба даст оварда, соҳиби маблағ шаванд.

 

Чӣ гуна худро муҳофизат кунем?

Коршиносон тавсия медиҳанд, ки дар чунин вазъият набояд ба эҳсосот дода шуда, тафаккури интиқодиро бояд ба кор бурд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Гулов

 

Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои навин гуфт, дар чунин ҳолатҳо ба ҳаргуна зангу паёмакҳо якбора бовар накарда, маълумотро ҳамеша санҷидан зарур аст.

“Қаллобон кӯшиш мекунанд, шахсро дар ҳолати изтироб қарор диҳанд, то ӯ имкони фикр кардан ва интихоби дурустро надошта бошад. Агар ба шумо аз месенҷери дигарон нависта пул ё дигар маълумоти шахсӣ пурсанд, кӯшиш кунед бо он шахс, яъне соҳиби саҳифаи рахнашуда, аз дигар роҳҳо дар тамос шавед”, – тавсия дод ӯ.

Гулов барои таъмини амнияти саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин тавсияҳо медиҳад:

– Ба пайвандҳои шубҳанок клик накунед, ҳатто агар паём аз номи шинос фиристода шуда бошад;

– Файлҳо ва барномаҳои ношиносро кушода ё насб накунед;

– Барои ҳар як аккаунт рамзҳои мураккаб ва гуногун истифода баред;

– Барномаҳои телефони худро мунтазам навсозӣ кунед;

– Огоҳиномаҳо дар бораи воридшавӣ аз дастгоҳҳои навро фаъол созед.

Қаблан, дар пайи чунин ҳодисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам ба  шаҳрвандон маслиҳат дода буданд, ки вориди пайванди сомонаҳои шубҳанок нашаванд, зеро бо ин роҳ қаллобон метавонанд махзани телефони мобилиро рахна сохта, ба маълумоти шахсӣ ва рамзҳои ҳамёни электронии онҳо дастрасӣ пайдо кунанд.

Ҳамин тафаккури интиқодӣ ва саводи расонаӣ ба Холида Муродова кумак кардааст, то дар доми фиреби қаллобон наафтад. Ӯ баъди паёми шубҳанок аз модараш, ба мутахассиси фановариҳои навин муроҷиат кард ва ба саҳифаҳои худ ва модарашро дар шабкаҳои иҷтимоӣ рамзи дуқабата гузошт. Ӯ ба чунин хулоса расид, ки дар оянда низ ба ҳар паёми омада, ҳатто аз ҷониби наздиктарин нафар ҳам, бо шубҳа нигоҳ мекунад ва танҳо баъди санҷиши паём қадами баъдии худро мегузорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.