“Салом, мешавад 7500 қарз гирам? Имрӯз соати 22:00 бармегардонам”. Роҳи нави қаллобӣ дар “Телеграм”

“Ба ман аз номи модарам паём омад, ки “фавран” ба пул ниёз дораду то фардо бармегардонад. Вақте навиштам, ки маблағи гуфтаашро надорам, гуфт “Чи қадаре дошта бошед, фиристед, ҳатто як қисмаш ҳам мешавад”. Ин нақли як сокини шаҳри Душанбе аст, ки чанд рӯз пеш қаллобон саҳифаи модари ӯро дар “Телеграм” рахна карданд ва ба маълумоти […]

Хушнуда Дӯстова, таҷрибаомӯзи "Азия-Плюс"

“Ба ман аз номи модарам паём омад, ки “фавран” ба пул ниёз дораду то фардо бармегардонад. Вақте навиштам, ки маблағи гуфтаашро надорам, гуфт “Чи қадаре дошта бошед, фиристед, ҳатто як қисмаш ҳам мешавад”. Ин нақли як сокини шаҳри Душанбе аст, ки чанд рӯз пеш қаллобон саҳифаи модари ӯро дар “Телеграм” рахна карданд ва ба маълумоти шахсиаш дастрасӣ пайдо карданд.

Холида Муродова (ном иваз шудааст), қаҳрамони мо мегӯяд, танҳо баъд аз тамос бо модараш маълум кард, ки ин паём аз ҷониби қаллобон фиристода шудааст. Ӯ ба “Азия-Плюс” афзуд, дар он лаҳза танҳо дар фикри кумак ба азизтарин шахсаш буд ва қариб, ки ба доми қаллобон афтад.

Ин ягона ҳолате нест, ки қаллобон мехоҳанд, бо истифода аз Телеграм ба маълумоти шахсии корбарон дастрасӣ пайдо кунанд. Дар чанд рӯзи охир даҳҳо корбари ин шабака нигаронӣ карданд, ки қаллобон ба саҳифаи шахсии онҳо дастрасӣ пайдо карда, аз номи онҳо аз дӯстону наздиконашон пул талаб кардаанд.

Аз ҷумла, Зуля Раҳматова, яке аз корбарони Фейсбук ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар саҳифааш ҳушдор дод, ки қаллобон аксҳои ӯро истифода бурда, аз номаш ба шахсони хайрхоҳ паём мефиристанд ва аз онҳо маълумоти корти бонкиашонро мепурсанд”

“Мутаассифона, бисёре аз қурбониён пай намебаранд, ки инҳо қаллобонанд ва боварӣ доранд, ки ин корро ман анҷом медиҳам. Ман аллакай чанд маротиба ба мақомоти дахлдор  муроҷиат кардам ва ба ҳамаи зарардидагон тавсия медиҳам, ки ҳатман ариза нависанд. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон пеши роҳи чунин ҳолатҳоро гирифт”, – мегӯяд Зуля Раҳматова.

Ҳамчунин, Лола Мерганова, рӯзноманигори тоҷик ҳам дар саҳифааш дар “Фейсбук” навишт, ки саҳифааш дар “Телеграм” аз тарафи қаллобон шикаста шудааст ва ба ҳама рақами дар телефонбудааш бо чунин мазмун паём фиристодаанд: "Салом норохат карданам нокулай аст, мешавад 7 500 карз гирам? Имруз соати 22:00 бармегардонам".

 

Ӯ мегӯяд, муайян кардааст, ки рақаме, ки қаллабон гузоштаанд, Корти миллии Душанбе сити аст, вале вақте ӯ ба ин бонк муроҷиат карда, хостааст “фаҳмед, ки ин рақами корти кӣ аст ва онро блок кунед. Шояд соҳиби ин корт ҳам дарак надошта бошад, ки суратҳисобашро қаллобон истифода кардаанд”, посух гирифтааст, ки бояд аввал ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) ариза нависед ва “агар онҳо ба мо супориши блок кардани ин кортро диҳанд, мо мекунем”.

Ин бори аввал нест, ки сокинон аз рахна шудани саҳифаҳояшон шикоят мекунанд. Дар гузашта  ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тселл”, “Тойота”, “Беко”, бонкҳои “Эсхата”, “Алиф” “Амонатбонк”, "Душанбе Сити Бонк" ва шахсиятҳое, чун раисҷумҳуру шаҳрдори Душанбе талош кардаанд сокинонро фиреб диҳанд. 

Дар робита ба чунин  фейкҳо мақомоти Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дода буданд, вале то кунун сокинону ширкатҳои алоҳида аз ин навъи қаллобӣ хабарҳо нашр мекунанд. Ҳар дафъа фиребгарон роҳҳои наву мураккабтари қаллобиро пайдо мекунанд, то маълумоти шахсии корбаронро ба даст оварда, соҳиби маблағ шаванд.

 

Чӣ гуна худро муҳофизат кунем?

Коршиносон тавсия медиҳанд, ки дар чунин вазъият набояд ба эҳсосот дода шуда, тафаккури интиқодиро бояд ба кор бурд.

 

Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои навин гуфт, дар чунин ҳолатҳо ба ҳаргуна зангу паёмакҳо якбора бовар накарда, маълумотро ҳамеша санҷидан зарур аст.

“Қаллобон кӯшиш мекунанд, шахсро дар ҳолати изтироб қарор диҳанд, то ӯ имкони фикр кардан ва интихоби дурустро надошта бошад. Агар ба шумо аз месенҷери дигарон нависта пул ё дигар маълумоти шахсӣ пурсанд, кӯшиш кунед бо он шахс, яъне соҳиби саҳифаи рахнашуда, аз дигар роҳҳо дар тамос шавед”, – тавсия дод ӯ.

Гулов барои таъмини амнияти саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин тавсияҳо медиҳад:

– Ба пайвандҳои шубҳанок клик накунед, ҳатто агар паём аз номи шинос фиристода шуда бошад;

– Файлҳо ва барномаҳои ношиносро кушода ё насб накунед;

– Барои ҳар як аккаунт рамзҳои мураккаб ва гуногун истифода баред;

– Барномаҳои телефони худро мунтазам навсозӣ кунед;

– Огоҳиномаҳо дар бораи воридшавӣ аз дастгоҳҳои навро фаъол созед.

Қаблан, дар пайи чунин ҳодисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам ба  шаҳрвандон маслиҳат дода буданд, ки вориди пайванди сомонаҳои шубҳанок нашаванд, зеро бо ин роҳ қаллобон метавонанд махзани телефони мобилиро рахна сохта, ба маълумоти шахсӣ ва рамзҳои ҳамёни электронии онҳо дастрасӣ пайдо кунанд.

Ҳамин тафаккури интиқодӣ ва саводи расонаӣ ба Холида Муродова кумак кардааст, то дар доми фиреби қаллобон наафтад. Ӯ баъди паёми шубҳанок аз модараш, ба мутахассиси фановариҳои навин муроҷиат кард ва ба саҳифаҳои худ ва модарашро дар шабкаҳои иҷтимоӣ рамзи дуқабата гузошт. Ӯ ба чунин хулоса расид, ки дар оянда низ ба ҳар паёми омада, ҳатто аз ҷониби наздиктарин нафар ҳам, бо шубҳа нигоҳ мекунад ва танҳо баъди санҷиши паём қадами баъдии худро мегузорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.