Аз падар ба писар: Сардор Бердимуҳаммадов пирӯзи интихоботи Туркманистон эълон шуд

Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, писари 40-солаи раисҷумҳури ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро пирӯзи интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар эълон кард. Сардор Бердимуҳаммадов дар ин раъйдиҳӣ 72,97 дарсади раъйи мардуми Туркманистонро ба даст овардааст. Ҳашт рақиби дигари Сардор дар ин рақобати интихоботӣ, ҳамагӣ аз 1 то 11 дарсади райъи мардуми Туркманистонро ба даст овардаанду халос.  […]

Asia-Plus

Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, писари 40-солаи раисҷумҳури ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро пирӯзи интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар эълон кард. Сардор Бердимуҳаммадов дар ин раъйдиҳӣ 72,97 дарсади раъйи мардуми Туркманистонро ба даст овардааст.

Ҳашт рақиби дигари Сардор дар ин рақобати интихоботӣ, ҳамагӣ аз 1 то 11 дарсади райъи мардуми Туркманистонро ба даст овардаанду халос. 

Сардор Бердимуҳаммадов дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ, пас аз Илмҳом Алиев, раисҷумҳури Озорбойҷон дувумин нафарест, ки қудрати сиёсиро аз падараш ба мерос мебарад, ҳарчанд талошҳои ин гуна интиқоли қудрат дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ вуҷуд дошт.

Дар бораи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Туркманистон рӯзи 11-уми феврали имсол дар ҷаласаи порлумони ин кишвар хабар доданд. Дар шарҳи расмӣ гуфта шуд, ки президенти 64-сола роҳро ба “ҷавонон боз мекунад”. Аксарият ин изҳоротро чун ҳамвор кардани роҳ ба писари президент, Сардор Бердимуҳаммадов, қабул карда буданд, ки акнун воқеият шуд. 

Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, муовини нахуствазири Туркманистон, дар барномаи интихоботиаш ваъдаи “ислоҳот” дод, ки ба “беҳтар кардани мудирияти давлатӣ, навсозии соҳаи хусусӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ, сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна” равона мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.