Тоҷикистону Эрон барои истирдоди зиндониён созиш карданд

Порлумони Тоҷикистон созишномаи истирдоди маҳкумшудагон миёни Тоҷикистон ва Эронро ба тасвиб расонд. Созишнома дар ҷаласаи рӯзи 9 марти палатаи поёнии парлумон қабул шудааст. Вакилони парлумони Тоҷикистон ҳадафи созишномаи мазкурро ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон маънидод кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин, ҳоло ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Эрон адои ҷазо намекунанд. Мирзоамон Рофизода, […]

Порлумони Тоҷикистон созишномаи истирдоди маҳкумшудагон миёни Тоҷикистон ва Эронро ба тасвиб расонд. Созишнома дар ҷаласаи рӯзи 9 марти палатаи поёнии парлумон қабул шудааст.

Вакилони парлумони Тоҷикистон ҳадафи созишномаи мазкурро ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон маънидод кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин, ҳоло ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Эрон адои ҷазо намекунанд.

Мирзоамон Рофизода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 9 март, ҳангоми муаррифии тарҳи созишнома гуфт, “он имкони ҳамкориро дар самти интиқоли шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ дар яке аз кишварҳо маҳкум шудааст, бо мақсади адои муҳлати боқимондаи ҷазо дар кишваре, ки маҳкумшуда шаҳрванди он мебошад, ба миён меорад”.

Номбурда дар ҳузури вакилон гуфт, ҳоло  танҳо як шаҳрванди Эрон бо ҷурми тайёрӣ ба ҷиноят ё сӯиқасди ҷиноят ва роҳзанӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

– Чунончи, бо ҳукми Суди вилояти Хатлон аз 7 январи соли 2022, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Резвониён Сайёдҳусейн, соли таваллудаш 21 марти соли 1972 бо моддаҳои 32 қ.3-104 қисми 2 (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва 249 қисми 3 бандҳои «а, з, и» (роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, – гуфт муовини додситони кул.

Аз ин пештар, вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаи истирдоди ҷинояткорон миёни Тоҷикистон ва Маҷористонро ба тасвиб расонда буданд. Ин нахустин созишномаи истирдод миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб мерафт.

Ҳангоми муаррифии тарҳи созишнома, рӯзи 15-уми декабри соли 2021 Дилшод Талбакзода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон, ҳадафи онро "тақвияти ҳамкорӣ дар бахши истирдоди тарафайни ҷинояткорон ва афроди дар таъқиб қарор дошта" унвон карда буд. Вале бархе коршиносон гуфта буданд, ки Тоҷикистон бо имзои ин санад ҳадафи истирдоди мухолифони сиёсии ҳукуматро, ки бештар дар кишварҳои аврупоӣ кору зиндагӣ доранд, дорад.

Ба ғайр аз Эрон ва Маҷористон, Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ, Укроин, Чин, Аморати Мутаҳидаи Араб ва Афғонистон созишномаи истирдоди маҳкумшудагонро ба кишварҳои якдигар ба имзо расонидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...