Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии Сардор Бердимуҳаммадовро “ҷонибдории ҷомеа аз сиёсати кишвар” номид

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Туркманистон Сардор Бердимуҳамадов, писари раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро, ки бо касби 72,9 дарсади оро пирӯзи интихоботи рӯзи 12-уми марти ин кишвар эълон шуд, табрик намудааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки “натиҷаҳои интихобот нуфузу эътибори баланди сиёсии Шумо, ҳамчунин ҷонибдории […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Туркманистон Сардор Бердимуҳамадов, писари раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро, ки бо касби 72,9 дарсади оро пирӯзи интихоботи рӯзи 12-уми марти ин кишвар эълон шуд, табрик намудааст.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки “натиҷаҳои интихобот нуфузу эътибори баланди сиёсии Шумо, ҳамчунин ҷонибдории ҷомеаро аз сиёсате, ки дар кишваратон ба манзури рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии он татбиқ мегардад, пурра таъйид намуданд”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ ба нафъи мардумони ду кишвар ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод таъкид намудааст.

– Мо ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бар усули шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, аҳаммияти хосса медиҳем, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идома ба фаъолияти Сардор Бердимуҳаммадов комёбиҳо ва ба мардуми Туркманистон сулҳу пешрафт ва шукуфоии доманадорро орзу намудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 15 март мақомоти Туркманистон эълон карданд, ки дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар Сардор Бердимуҳаммадов бо касби 72,97% дарсади орои мардум роҳбари нави ин кишвар шуд.

Интихоботи президентии ин кишвар рӯзи 12 марти соли равон баргузор шуд. Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадови 40-соларо пирӯзи интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар эълон кард. 

Ҳашт рақиби дигари Сардор дар ин рақобати интихоботӣ, ҳамагӣ аз 1 то 11 дарсади райъи мардуми Туркманистонро ба даст овардаанду халос. 

Акнун Сардор Бердимуҳаммадов дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ, пас аз Илмҳом Алиев, раисҷумҳури Озорбойҷон дувумин нафарест, ки қудрати сиёсиро аз падараш ба мерос мебарад, ҳарчанд талошҳои ин гуна интиқоли қудрат дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ вуҷуд дошт.

Дар бораи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Туркманистон рӯзи 11-уми феврали имсол дар ҷаласаи порлумони ин кишвар хабар доданд. Дар шарҳи расмӣ гуфта шуд, ки президенти 64-сола роҳро ба “ҷавонон боз мекунад”. Аксарият ин изҳоротро чун ҳамвор кардани роҳ ба писари президент, Сардор Бердимуҳаммадов, қабул карда буданд, ки акнун воқеият шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.