«Сомон Эйр» санаи парвози аввал ба Тошкандро эълон кард

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» эълон кард, ки рӯзи 10 феврал бо иштироки ҳайати сохтори авиатсионии ҷумҳурӣ ба пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд парвози озмоишӣ анҷом доданист. «Раҳбарияти ширкати «Сомон Эйр» ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои тадорукотӣ оид ба ифтитоҳи хатсайр бо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Тошканд ва ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» гуфтушунид карданист», – хабар медиҳад […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» эълон кард, ки рӯзи 10 феврал бо иштироки ҳайати сохтори авиатсионии ҷумҳурӣ ба пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд парвози озмоишӣ анҷом доданист.

«Раҳбарияти ширкати «Сомон Эйр» ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои тадорукотӣ оид ба ифтитоҳи хатсайр бо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Тошканд ва ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» гуфтушунид карданист», – хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.

Гуфта мешавад, роҳандозии парвози мунтазам тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд аз 20 феврал дар назар аст. Вақти эҳтимолии парвоз аз Душанбе – соати 10-00 ва аз Тошканд соати 12-00 пешбинӣ мешавад. Вақти парвоз 45 дақиқа аст.

Ба иттилои манбаъ, ширкат парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Ӯзбекистонро то охири мавсими зимистона ҳафтае як бор – рӯзи душанбе  ва дар мавсими тобистон ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монданист.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Тошканд метавонад баъди имзои созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ оғоз гардад, ки айни замон мавриди баррасии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад.

Ҳамчунин директори генералии ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» Валерий Тян низ қаблан ба ВАО-и кишвараш гуфта буд, ки ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон барқарор шуда, дар ин самт созишномаи байниҳукуматӣ пурра ислоҳу коркард ва барои баимзорасӣ омода аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.