Бузургтарин нерӯгоҳи офтобии баландтарин нуқтаи аҳолнишини дунё дар Мурғоб

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин нерӯгоҳ дар Тоҷикистон аз ҳама бузургтарин ва дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад. Инчунин лоиҳа нерўгоҳи барқии нигоҳдорандаи нерўро бо тавоноии 180 киловатт-соат дар бар мегирад.  Гуфта мешавад, ки нерўгоҳи офтобии нав натиҷаи ҳамкории бомуваффақият байни Ҳукумати Тоҷикистон, USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин нерӯгоҳ дар Тоҷикистон аз ҳама бузургтарин ва дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад. Инчунин лоиҳа нерўгоҳи барқии нигоҳдорандаи нерўро бо тавоноии 180 киловатт-соат дар бар мегирад. 

Гуфта мешавад, ки нерўгоҳи офтобии нав натиҷаи ҳамкории бомуваффақият байни Ҳукумати Тоҷикистон, USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад. Тибқи дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, USAID насб намудани нерўгоҳро дар Мурғоб пуштибонӣ намуд, то ки иқтидори нерўгоҳи барқии «Тоҷикистон» (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва нерўи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ таҳвил бидиҳад.

Ноҳияи Мурғоб дар Помир ҷойгир шуда аст ва яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад. Дар ин ноҳия бештар аз 6000 одам аз манбаъҳои барқтаъминкунии «ПомирЭнерҷӣ» ва шабакаҳои миллии барқӣ, бо сабаби дар баландии 3600 метр будан, дар бунбаст қарор доштанд.

Нерўгоҳи офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерўи барқро дар давоми рўз то 50 фоиз зиёд мекунад. Ин на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро баланд мебардорад, балки барои рушди умумии иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.