ВАО: Тоҷикистон ба Қазоқистон 200 сарбоз мефиристад

Тоҷикистон барои амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ дар доираи СПАД ба Қазоқистон 200 сарбоз мефиристад. Интизор меравад онҳо бегоҳи имрӯз, 6 январи соли 2022 ба ин кишвар раванд. Дар ин бора хабаргузории “РИА Новости”  бо такя ба манбааш дар мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар медиҳад. “Ҳама ин сарбозон ба нерӯҳои ҳофизи сулҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ шомиланд, дар […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Тоҷикистон барои амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ дар доираи СПАД ба Қазоқистон 200 сарбоз мефиристад. Интизор меравад онҳо бегоҳи имрӯз, 6 январи соли 2022 ба ин кишвар раванд.

Дар ин бора хабаргузории “РИА Новости”  бо такя ба манбааш дар мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Ҳама ин сарбозон ба нерӯҳои ҳофизи сулҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ шомиланд, дар омӯзишҳои зиддитеррористии СПАД, чӣ дар Тоҷикитстон ва чӣ дар кишварҳои дигар ширкат кардаанд”,- гуфтааст манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ ҳамаи ин сарбозон ба адои вазифаи худ дар ҳифзи тартибот ва ҳимояи иншооти низомӣ омодаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки гурӯҳ омодааст ва имкон дорад бегоҳи имрӯз, 6 январ ба Қазоқистон ирсол карда шавад.

Субҳи имрӯз, Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ки Тоҷикистон дар доираи СПАД ба Қазоқистон неру мефиристад.

Дар ин изҳорот, ки дар сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон нашр шудааст, инчунин гуфта мешавад, ин кишвар ривоҷи воқеаҳо дар Қазоқистонро пайгирӣ менамояд ва  аз пайдо шудани гурӯҳҳои

Имрӯз, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва раиси Шӯрои СПАД Никол Пашинян изҳори омодагии ирсоли сарбозон карда буд.

Қаблан Арманистон ҳам аз омодагии ирсоли гурӯҳи 70-нафара хабар дода буд.

Гуфта мешавад парлумони Қирғизистон дар ҳоли баррасии масъалаи ирсоли нерӯ ба кишвари ҳамсояаш аст. Дар ҳамин ҳол фаъолони қирғиз ба эътироз баромадаанд ва талаб доранд ҳукумат ба ҳамсоякишвар нерӯ нафиристад.

Ёдовар мешавем, ки бо дархости президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифта буд, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон, ки узви ин созмон аст, як воҳиди неруҳои посдори сулҳро ба ин кишвар сафарбар мекунад.

Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе алайҳи болоравии нархи гази моеъ эътирозҳои оммавӣ оғоз гардиданд. Гирдиҳамоиҳо нахуст дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау оғоз гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо идома ёфтанд.

Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт. Дирӯз президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест.

Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнулмилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.