Рухшона Наҷмиддинова директори нави “Интернюс” дар Тоҷикистон

Намояндаи пешини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Рухшона Наҷмиддинова роҳбари нави дафтари “Интернюс” дар Тоҷикистон интихоб шудаас. Дар ин бора саҳифаи расмии ин созмон дар Фейсбук хабар медиҳад. Дар хабарномае, ки ташкилот дар бораи таъин шудани роҳбари наваш нашр кардааст, омадааст, ки Рухшона дар расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таҷрибаи бойи корӣ дорад ва […]

Намояндаи пешини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Рухшона Наҷмиддинова роҳбари нави дафтари “Интернюс” дар Тоҷикистон интихоб шудаас. Дар ин бора саҳифаи расмии ин созмон дар Фейсбук хабар медиҳад.

Дар хабарномае, ки ташкилот дар бораи таъин шудани роҳбари наваш нашр кардааст, омадааст, ки Рухшона дар расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таҷрибаи бойи корӣ дорад ва интихоби номзадҳо бо истифода аз озмуни кушод сурат гирифтааст.

Дар ду соли охир, роҳбарии дафтари “Интернюс” дар Тоҷикистон бори дувум аст, ки нав мешавад.

Моҳи октябри соли 2020 Вадим Садоншоев, ки то ин дам дар департаменти иттилооти Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе буд, дар ин мақом ба ҷойи Абдумалик Қодиров интихоб шуд. Содоншоев ҳудуди як сол дар ин мақом кор кард.

То интихоби Рухшона Наҷмиддинова роҳбарии  Internews-ро дар Тоҷикистон Анжелика Попова ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудир ба дӯш дошт. 

“Интернюс” ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалиест, ки аз соли 1995 дар Тоҷикистон дафтар дорад ва фаъолияти он асосан ба дастгирии расонаҳо равона шудааст. Дафтари марказии он дар ИМА қарор дошта, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намояндагии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.