Аввалин ҷоизаи “Азия-Плюс” дар соли 2022

Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, хабаргузории “Азия -Плюс”-ро ба унвони яке аз беҳтарин расонаҳои мубаллиғи ҷавонон ва варзиш дар соли 2021 эълон кард.  “Азия – Плюс” дар ин бахш дар баробари расонаҳои дигар ин ҷоизаро дарёфт кардааст. Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 дирӯз, 5 январи соли 2022 баргузор гардид. Идораи барномањои […]

Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, хабаргузории “Азия -Плюс”-ро ба унвони яке аз беҳтарин расонаҳои мубаллиғи ҷавонон ва варзиш дар соли 2021 эълон кард.

 “Азия – Плюс” дар ин бахш дар баробари расонаҳои дигар ин ҷоизаро дарёфт кардааст.

Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 дирӯз, 5 январи соли 2022 баргузор гардид.

Идораи барномањои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии "Телевизиони Тоҷикистон", Идораи ҷавонӣ, зебоӣ ва варзиши Телевизиони "Сафина", Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони ""Ҷаҳоннамо", Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони "Синамо", Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Телевизиони "Душанбе", Радиои Тоҷикистон ва хабаргузории давлатии “Ховар” низ ин ҷоизаи Кумитаи ҷавононро соҳиб шуданд.

Дар баробари номинатсияи “Беҳтарин муассисаи тарғиботи дар соли 2021”, Кумитаи ҷавонон, ҳамчунин, «Беҳтарин Бахши кор бо ҷавонон дар соли 2021», «Беҳтарин волонтёр дар соли 2021», «30 ҷавони муваффақ дар соли 2021», “Беҳтарин маркази ҷавонон” ва ғолибони стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, озмуни ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, техника, технология ва навоварӣ (инноватсия) дар соли 2021 ва озмуни стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022-ро муайян кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.