“Қирғизистон пешниҳоди гуфтушуниди сулҳро қабул накард”. Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадоти КДАМ-и Тоҷикистон

“Ба ҳолати соати 10:00-дақиқаи 16 сентябри соли 2022 дар тамоми самтҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳона идома дошта, қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд”, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

“Ба ҳолати соати 10:00-дақиқаи 16 сентябри соли 2022 дар тамоми самтҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳона идома дошта, қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд”, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки “аз тарафи мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, соатҳои 06:30 ва 07:30-дақиқа, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуда, роҳандозии гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро зери оташи шадид қарор доданд”.

Таъкид мегардад, ки “хизматчиёни воҳидҳои таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ заданд”.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки “айни замон, талошҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият, бо сабаби ба инобат гирифта нашудани пешниҳодоти гуфтушунидҳои сулҳомез аз тарафи низомиёни Қирғизистон, натиҷаи мусбат надода истодаанд”.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.