Шавкат Бобозода боздошт ва баъдан аз вазифаи директори Агентии содирот озод карда шуд

Дирӯз, 29 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Шавкат Бобозодаро аз вазифаи директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуд. Бо фарқ аз матни қарорҳои дигари ҳукумат, ин навбат сабаби аз вазифа сабукдӯш кардани Шавкат Бобозода гуфта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “Шавкат […]

Asia-Plus

Дирӯз, 29 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Шавкат Бобозодаро аз вазифаи директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуд.

Бо фарқ аз матни қарорҳои дигари ҳукумат, ин навбат сабаби аз вазифа сабукдӯш кардани Шавкат Бобозода гуфта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “Шавкат Бобозода ду ҳафта пеш боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин банди қонун ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад

Наздикон ва ҳамкорони Шавкат Бобозода қазияро шарҳ надодаанд.

Шавкат Бобозода яке аз мансабдорони собиқадори ҳукумат буда, аз соли 2013 то 2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд.

Соли 2019 аз ин мансаб озод ва ба симмати директори сохтори навтаъсиси  Агентии содироти Тоҷикистон нишаст. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.