Бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар Ҷоми Осиё-2022

Дар даври дуюми мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2022 оид ба футзал дар гурӯҳи “В” мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:3 аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрд. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар бозӣ бо дастаи Ӯзбекистон аз дастаи мо Файзалӣ Сардоров ду гол зад. Бозии дигар дар ин гуруҳ байни дастаҳои Туркманистон ва Баҳрайн […]

Дар даври дуюми мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2022 оид ба футзал дар гурӯҳи “В” мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:3 аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар бозӣ бо дастаи Ӯзбекистон аз дастаи мо Файзалӣ Сардоров ду гол зад.

Бозии дигар дар ин гуруҳ байни дастаҳои Туркманистон ва Баҳрайн мусовӣ – бо ҳисоби 4:4 анҷом ёфт.

Баъди ду давр тими миллии Ӯзбекистон бо касби шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «В» пешсаф аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон се имтиёз дорад.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 1 октябр тими миллии Тоҷикистон бо Туркманистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Барои ба даври чорякниҳоӣ баромадан, дастаи моро дар ин вохӯрӣ ҳадди ақал мусовӣ басанда аст.

Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи “Саъд ал-Абдулло” дар Ал-Кувейт доир мегарданд. Дар ин мусобиқа 16 даста ширкат варзида, ба 4 гуруҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври чаҳорякфиналӣ роҳ меёбанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.