Таркиш дар омӯзишгоҳи Кобул. Толибон* аз куштори 19 нафар ва захмӣ шудани 27 кас хабар медиҳанд

Субҳи имрӯз, 30-юми сентябр, дар омӯзишгоҳи Коҷи шаҳри Кобул таркиши шадид рух дод, ки бар асари он тибқи иттилои аввалия 19 нафар кушта ва 27 нафар захмӣ шуданд. Холид Зидрон, сухангӯи фармондеҳии амнияи Толибон дар Кобул бо тасдиқи ин хабар ба расонаҳо гуфтааст, ки таҳқиқ ҳоло идома дорад ва омор метавонад тағйир ёбад. Дар хусуси […]

Субҳи имрӯз, 30-юми сентябр, дар омӯзишгоҳи Коҷи шаҳри Кобул таркиши шадид рух дод, ки бар асари он тибқи иттилои аввалия 19 нафар кушта ва 27 нафар захмӣ шуданд. Холид Зидрон, сухангӯи фармондеҳии амнияи Толибон дар Кобул бо тасдиқи ин хабар ба расонаҳо гуфтааст, ки таҳқиқ ҳоло идома дорад ва омор метавонад тағйир ёбад.

Дар хусуси омилони таркиш иттилое дастрас нест ва ҳеҷ гуруҳе ҳам масъулияти онро ба зимма нагирифтааст.

Ин дуюмин таркиши пурқурбонӣ давоми моҳи сентябр дар Кобул ва сеюмин инфиҷор дар Афғонистон аст, ки куштаву захмиёни зиёд бар ҷой гузошт.

Қаблан, 2-юми сентябр, дар пайи таркиши шадид дар масҷиди шаҳри Ҳирот яке аз мубаллиғони Толибон Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, ки имоматии намозро ба зимма дошт, кушта шуд.

Баъдан,  5-уми сентябр, дар назди сафорати Русия дар шаҳри Кобул таркиш рух дод, ки дар натиҷаи он наздики 20 нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Аз ҷумла, ду нафар корманди сафорати Русия дар Кобул низ қурбон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби қудрат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон, таъмини амният яке аз ваъдаҳои ин гуруҳ буд, ки ба мардуми ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳон дода буд.

Чанд рӯз пас аз ваъдаи Толибон, фурудгоҳи Кобул тарконида шуд ва тавре мушоҳида мешавад, инфиҷору амалҳои террористӣ ҳамоно дар Афғонистон идома доранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.