Қирғизистон “Бародарии шикастнопазир – 2022” -ро рад кард, Тоҷикистон “Сарҳад-2022”-ро оғоз намуд

Аз 10 то 21-уми октябри соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон бо нерӯҳои дастаҷамъии истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ тамриноти муштараки “Сарҳад-2022” баргузор мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти СААД. Дар ҷараёни тамрин тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби ВКД ҶТ оид ба нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ворид шудаанд, […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Аз 10 то 21-уми октябри соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон бо нерӯҳои дастаҷамъии истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ тамриноти муштараки “Сарҳад-2022” баргузор мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти СААД.

Дар ҷараёни тамрин тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби ВКД ҶТ оид ба нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ворид шудаанд, таҷриба карда мешавад.

Марҳилаи фаъоли тамринот дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" аз 17 то 21-уми октябр баргузор мешавад.

Теъдоди умумии ширкаткунандагони тамринҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар буда, дар рафти он беш аз 300 воҳиди таҷҳизоти низомӣ ва вижа, ҳавопаймо, чархболҳо ва дигар таҷҳизоти низомӣ низ ҷалб мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон аз иштирок дар тамринҳои СААД "Сарҳад-2022" дар Тоҷикистон, худдорӣ кардааст. Дар ин бора хабаргузориҳои ин кишвар бо такя ба дафтари матбуоти вазорати дифоъи Қирғизистон хабар медиҳанд.

Қаблан ҳам вазорати мудофиаи Қирғизистон эълон карда буд, размоиши низомии СААД, ки мебоист таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир – 2022" аз 10 то 14-уми октябр дар он кишвар баргузор шавад, бекор карда шуд.

Вазорати мудофиа далели бекор шудани баргузории размоиши низомиро нагуфт.

Бояд гуфт, ки нерӯҳои посдори сулҳи СААД аллакай дар Қазоқистон силсилаи тамринҳои худро бо номи "Муомила-2022" ва "Ҷустуҷӯ-2022" анҷом доданд. Он замон гуфта шуд, ки сарбозон, аз ҷумла низомиёни Русия ва Белорус ба Қирғизистон мераванд, аммо баъдан гуфта шуд, ки онҳо ба ватани худ бармегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.