Арабистони Саудӣ барои бунёди НБО Роғун қариб 100 млн доллар қарз медиҳад

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз омодагии худ барои тақдими қарзи рушд ба мабалағи 375 миллион риёли саудӣ (қариб 100 млн доллаи ИМА) барои бунёди НБО Роғун хабар дод. Дар ин бора дирӯз, 1-уми ноябр, зимни нишасти матбуотӣ дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Таъкид гардид, ки тасмими ҷудо кардани қарз пас аз […]

Asia-Plus

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз омодагии худ барои тақдими қарзи рушд ба мабалағи 375 миллион риёли саудӣ (қариб 100 млн доллаи ИМА) барои бунёди НБО Роғун хабар дод.

Дар ин бора дирӯз, 1-уми ноябр, зимни нишасти матбуотӣ дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Таъкид гардид, ки тасмими ҷудо кардани қарз пас аз ширкати Фонди рушди саудӣ дар мизи мудаввар оид ба лоиҳаи НБО Роғун гирифта шуд ва он нисфи тамоми маблағи то ин замон тақдимкардаи Фонди рушди саудиро ташкил медиҳад.

“Фонди рушди саудӣ омодагии худро барои тақдими қарзи рушд барои сохтмони НБО “Роғун” ба маблағи 375 миллион риёли саудӣ (тақрибан 100 миллион доллари амрикоӣ) изҳор намуда, бо ин тартиб, дар сархати аваллин фондҳои ҷаҳонӣ оид ба тақдими чунин маблағҳо барои НБО “Роғун” қарор гирифт. Ин маблағ 50 дарсади  ҳаҷми умумии маблағҳои тақдимкардаи ин Фондро аз оғози фаъолияти худ дар соли 2002 дар Тоҷикистон ташкил дода, ҳамзамон ин иқдом таваҷҷуҳи калони Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудиро ҷиҳати дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар дар амалисозии лоиҳаҳои рушди стратегии ояндадори кишвар инъикос менамояд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон.

Бояд зикр кард, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз сармоягузорон ва кӯмаккунандагони муҳим барои Тоҷикистон боқӣ монда, дар  бахшҳои гуногун маблағгузориҳо кардааст.

Танҳо Фонди рушди саудӣ дар Тоҷикистон дар умум 195 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст, ки 95 миллион доллари он ба бахши маориф рост меояд.

Маълумотнома оид ба НБО Роғун:

НБО Роғун аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақа буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Он асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ бунёд карда мешавад. Аз оғози барқарорсозии корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург дар соли 2008 то имрӯз ба НБО Роғун беш аз 35 миллиард сомонӣ (бо қурби имрӯза қариб 3,2 млрд доллари ИМА) ҷудо карда шудааст.

НБО Роғун бо иқтидори муқарраршуда 3600 мегаватт бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мегардад.

Ҳаҷми солонаи истеҳсоли қувваи барқ баъди пурра ба кор андохтани нерӯгоҳ аз 13 то 17 миллиард киловатт-соат хоҳад шуд. Ин тақрибан 65—85 фоизи ҳаҷми истеҳсоли солонаи қувваи барқ дар кишварро ташкил медиҳад.

Айни ҳол ду агрегати НБО Роғун ба кор андохта шудаанд ва интизор меравад, ки сохтмони ин истгоҳ то соли 2033 пурра анҷом шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.