Даргузашти Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров

Имрӯз Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон ва раиси Академияи мусаввирии кишвар дар Душанбе, дар 84-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад. Ҷанозаи марҳум зуҳри имрӯз, 12-уми январ, дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе (калонтарин масҷиди кишвар) баргузор мешавад ва интизор меравад, ки дар қабристони Лучоб ба хок супорида шавад. Вафо Назаров 6-уми […]

Asia-Plus

Имрӯз Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон ва раиси Академияи мусаввирии кишвар дар Душанбе, дар 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷанозаи марҳум зуҳри имрӯз, 12-уми январ, дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе (калонтарин масҷиди кишвар) баргузор мешавад ва интизор меравад, ки дар қабристони Лучоб ба хок супорида шавад.

Вафо Назаров 6-уми майи соли 1940 дар деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба дунё омада буд.

Солҳои 1955 – 1960 дар Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе‎ ва солҳои 1966 – 1972 дар Институти театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) таҳсил кардааст.

Вафо Назаров солҳо ба ҳайси рассом-таҳиягар дар Телевизони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Дар ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар соли 2006 Назаров саррасом будааст.

Соли 2009 Вафо Назаров раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Вафо Назаров узви Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО мебошад ва дорандаи унвонҳои Аълочии телевизион ва радиои Иттиҳоди Шӯравӣ,  Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982) ва Рассоми халқии Тоҷикистон ҳаст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.