Барои паст задани “шаъну эътибори судя”. Эмомалӣ Раҳмон боз ду додрасро аз вазифа барканор кард

Ду додрас – Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Маҷидзода Фирдавс Маҷид аз вазифаи судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шуданд. Дар ин бора имрӯз, 30-юми январ, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон фармонро имзо кард. Дар бораи кадом […]

Asia-Plus

Ду додрас – Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Маҷидзода Фирдавс Маҷид аз вазифаи судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шуданд.

Дар ин бора имрӯз, 30-юми январ, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон фармонро имзо кард.

Дар бораи кадом кирдори судяҳо сухан меравад, хадамоти матбуоти сарвари давлат маълумот надодааст.

Бояд гуфт, қаблан низ раиси ҷумҳур чандин додрасро айнан барои паст задани “шаъну эътибори судя” аз кор озод кардааст, аммо дар аксари  ҳолатҳо гуфта намешавад, ки додрасҳои барканоршуда кадом кирдори пастзанандаи эътибори судяро содир кардаанд.

Ҳамчунин, Ҷаъфарзода Латофат Қаландар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон озод карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.