Муовинони раиси вилоятҳои Хатлону Суғд ва чанд шаҳру ноҳияи дигар иваз шуданд

Имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳукумати вилояти Хатлон, чанд шаҳру ноҳияи ин вилоят ва бахши маорифи кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, раиси ҷумҳур як додрасро ба нафақа фиристод ва ду додрасро барои паст задани “шаъну эътибори судя” озод кард. Ҳамин тавр, Музаффар Мирзозода муовини якум, Ҷамшед Каримзода ва Анзурат Абдусаломзода муовинони […]

Имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳукумати вилояти Хатлон, чанд шаҳру ноҳияи ин вилоят ва бахши маорифи кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, раиси ҷумҳур як додрасро ба нафақа фиристод ва ду додрасро барои паст задани “шаъну эътибори судя” озод кард.

Ҳамин тавр, Музаффар Мирзозода муовини якум, Ҷамшед Каримзода ва Анзурат Абдусаломзода муовинони раиси вилояти Хатлон таъин карда шуданд.

Ҳамчунин, Суҳайлӣ Қурбонзода муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин гардид. Ӯ то ин замон дар вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Файзулло Баротзода аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар озод ва ба ҷойи ӯ Абдулмаҷид Муминзод, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар таъин гардид. Абдулмаҷид Муминзод то ин лаҳза сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дилшод Асозода аз вазифаи раиси шаҳри Норак озод ва ба ҷойи ӯ Фирӯза Шарифӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъин гардид.

Ҷаббори Ғаффор аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритус озод ва ба ҷойи ӯ Тағай Абдуллозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритус таъин карда шуд.

Исломиддин Раҳмон аз вазифаи раиси ноҳияи Данғара озод ва ба ҷойи ӯ Сиҷоуддин Саломзода таъин карда шуд.

Музаффар Мирзозода аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг озод ва ба ҷойи ӯ  Фаррухиддин Набизода  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг таъин карда шуд.

Лутфия Шарифзода аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод озод ва ба ҷойи ӯ Сайвалӣ Амирзода таъин гардид.

Холмурод Раҳмон аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон озод ва ба ҷойи ӯ Рустам Холиқзода таъин карда шуд.

Бобишо Холзода аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод озод ва ба ҷойи ӯ Мансур Каримзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъин гардид.

Раҳимҷон Муқимӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод ва ба ҷойи ӯ Зарина Идизода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин карда шуд.

Тоҳир Қудратзода аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов озод ва ба ҷойи ӯ Олимбек Юлдошзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин карда шуд.

Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Бунафша Файзиддинзодаро иваз кард, ки дирӯз раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин гардида буд.

Носир Суризода Мародбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Абдухалил Ғафурзода аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод ва ба ҷойи ӯ Сафарзода Даврон Ҷурахон таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо қарори ҳукумат Шодӣ Сафаров аз вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов озод ва ба ҷойи ӯ Муҳаммадшо Абдуллозода таъин гардид.

Қурбоншо Абдуллозода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон” озод ва ба ҷойи ӯ Шуҳрат Каримзода Бозор таъин карда шуд.

Илёсиддин Камолиддинзода аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” озод ва ба ҷойи ӯ Муҳаммад Муҳаммадзода таъин карда шуд.

Ҷамшед Намоззода директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» таъин карда шуд.

Давлатзода Салим Музаффар муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.