Дар Тоҷикистон намояндагони 80 халқ зиндагӣ мекардаанд. Чаро теъдоди онҳо расонаӣ намешавад?

Дар Тоҷикистон намояндагони 80 халқият зиндагӣ мекунанд, вале роҳбарияти Агентии омори кишвар теъдоди дақиқи онҳоро расонаӣ накард. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Агентии омор, имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, баъди барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 маълум шуд, ки дар Тоҷикистон намояндагони 80 халқ зиндагӣ мекунанд. Ӯ афзуд, дар кишвар 86 дарсад тоҷикон ва 11 дарсад […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон намояндагони 80 халқият зиндагӣ мекунанд, вале роҳбарияти Агентии омори кишвар теъдоди дақиқи онҳоро расонаӣ накард.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Агентии омор, имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, баъди барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 маълум шуд, ки дар Тоҷикистон намояндагони 80 халқ зиндагӣ мекунанд.

Ӯ афзуд, дар кишвар 86 дарсад тоҷикон ва 11 дарсад ӯзбекҳо ба қайд гирифта шудаанд. Дар зинаҳои баъдӣ русҳову яҳудиҳову тоторҳо ва дигар халқҳо меистанд. Ӯ аз гуфтани дигар халқҳои дар Тоҷикистон зидагидошта худдорӣ кард.

Нурмаҳмадзода гуфт, ки омори пурраро танҳо пас аз чопи китоби Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ дастрас мекунед, “зеро ҳар кор қонуну қоида дорад”.

Ёдовар мешавем, ки бори охир дар Тоҷикистон соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд ва натиҷаи он бояд дар давоми 4 сол дастраси истифодабарандагон мегардид.

Аз ин пештар, соли 2010 дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуда буд. Дар ин графикаи мо метавонед бо таркиби аҳолии Тоҷикистон дар солҳои 1989 ва 2010 шинос шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.