Даргузашти “Суқрот”-и тоҷик дар Душанбе

Дорои Дӯст, донишманди тоҷик ва яке аз рӯзноманигорони шинохтаи замони шӯравӣ бар асари беморие, ки дошт, дар Душанбе аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ субҳи имрӯз, 18 декабр дар масҷиди “Аминҷон”-и маҳаллаи 61-уми пойтахт хонда шуд ва марҳумро дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супориданд. Ӯ дар оилаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон ба дунё омада буд.  Баъди хатми Донишкадаи […]

Asia-Plus

Дорои Дӯст, донишманди тоҷик ва яке аз рӯзноманигорони шинохтаи замони шӯравӣ бар асари беморие, ки дошт, дар Душанбе аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ субҳи имрӯз, 18 декабр дар масҷиди “Аминҷон”-и маҳаллаи 61-уми пойтахт хонда шуд ва марҳумро дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супориданд.

Ӯ дар оилаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон ба дунё омада буд. 

Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар соли 1963 дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” ба кор оғоз кард ва беш аз 40 сол дар ин нашрия фаъолият намуд.

Ӯ бо сармуҳаррири вақти ин нашрия Бӯриннисо Бердиева дар эҳё кардани ҷашни наврӯз нақши бориз гузошт ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар ин бора ба чоп расонид.

Дорои Дӯст ҳамвора дар канори аҳли зиё буд ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дониста мешуд.

Академик Акбар Турсон дар васфи ӯ гуфта буд: "Дар фарҳанги имрӯзаи тоҷик Дорои Дӯст мақоми Сӯқротро дорад!".

Профессор Абдунабӣ Сатторзода бошад,  бо таъкид ба марди пуркор будани ӯ дар ҳаққи ӯ гуфтааст, ки "агар Дорои Дӯст нависандагӣ, шоирӣ, тарҷумонӣ, олимӣ, ва ё дар ниҳоят устодиро пеша мекард, дар ҷумлаи беҳтарини беҳтаринҳо мебуд".

Профессор Сафар Абдуллоҳ ҳам имрӯз дар паёме Дорои Дӯстро шахсе номид, ки "ба даҳҳо нафар дарси хештаншиносӣ дода буд".

"Дареғу сад дареғ, ки меҳани мо боз як фарзанди фарзонаашро аз даст дод, боз як хуршед моро тарк гуфт," — навишт Сафар Абдуллоҳ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.