Шаш узви Ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳам мехоҳанд вакили парлумон шаванд

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) дар анҷумани навбатиаш 6 аъзои худро ҳамчун номзад ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки соли равон баргузор мешавад, пешниҳод кардааст. Анҷумани XXXVII ғайринавбатии ҳизб рӯзи 4-уми январ баргузор гардид. АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ки дар анҷуман масъалаҳои иштироки ҲКТ дар интихоби навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, барномаи пешазинтихоботӣ, пешбарии номзадҳо ба вакилии […]

Asia-Plus

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) дар анҷумани навбатиаш 6 аъзои худро ҳамчун номзад ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки соли равон баргузор мешавад, пешниҳод кардааст. Анҷумани XXXVII ғайринавбатии ҳизб рӯзи 4-уми январ баргузор гардид.

АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ки дар анҷуман масъалаҳои иштироки ҲКТ дар интихоби навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, барномаи пешазинтихоботӣ, пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ташкили ситоди интихоботии ҳизб баррасӣ гардид.

Аз ҲКТ инҳо ҳамчун номзад ба вакилии парлумон пешниҳод шуданд:

– Меҳроҷ Абдуллоев, раиси ҲКТ;

– Инъомҷон Подшоев, котиби дуюми Кумитаи ҲКТ дар вилояти Суғд;

– Зарагул Мирасанова, котиби дуюми Кумитаи марказии ҲКТ;

– Отахон Ҳасанов котиби якуми Кумитаи ҲКТ дар шаҳри Душанбе;

– Абдуҷаббор Умарзода вакили парлумон;

– Ҳикматулло Ҳамидов, раиси ҲКТ дар минтақаи Кӯлоб.

Ин ҳизб ҳоло дар парлумон ду курсӣ дорад. Яке раиси ҳозираи он Меҳроҷ Абдуллоев ва дуввумӣ аъзои ҳизб Абдуҷаббор Умарзода мебошанд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, замони мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 Шодӣ Шабдолов сиёсатмадори тоҷик раиси он буд. Соли 2016 Исмоил Талбаков, муовини аввали ӯ раиси ҲКТ интихоб шуд ва баъди даргузашташ дар моҳи декабри соли 2016 то моҳи апрели соли 2017 Мирзоазим Насимов муваққатан иҷрокунандаи раиси ҲКТ буд.

Аз апрели соли 2017 то имрӯз Меъроҷ Абдуллоеви 76-сола раиси ҳизб мебошад. Ӯ аз соли 2020 вакили парлумон аст.

Бино ба маълумоти худи коммунистон то соли 2017 ҲКТ дар сафҳои худ ҳудуди 45 ҳазор нафар аъзо дошт.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар кишвар ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон  дигар ҳизбҳо номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот эълон кардаанд.

Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) чанде пеш шумори эҳтимолии овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2025-ро бештар аз 5,5 миллион нафар эълон кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.