Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст

Парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент ба рӯзи 16 –уми январ мавқуф гузошта шудааст. Тибқи иттилои пешакӣ, қарор буд парвози нахуст имрӯз, 14-уми январ, соати 9:00 анҷом шавад. Дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сабаби асосии таъхири парвоз шароити номусоиди ҳаво дар ин масир будааст. Намояндаи ин ширкат гуфт, ки бо вуҷуди ҳавои мусоид дар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент ба рӯзи 16 –уми январ мавқуф гузошта шудааст. Тибқи иттилои пешакӣ, қарор буд парвози нахуст имрӯз, 14-уми январ, соати 9:00 анҷом шавад.

Дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сабаби асосии таъхири парвоз шароити номусоиди ҳаво дар ин масир будааст. Намояндаи ин ширкат гуфт, ки бо вуҷуди ҳавои мусоид дар шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент, дар масири парвоз ҳаво ҳанӯз номусоид боқӣ мемонад.

“Бо мақсади таъмини бехатарӣ парвоз ба рӯзи дигар мавқуф гузошта шуд”, – илова карданд дар ширкат.

Дар ин ширкат гуфтанд, ки ҳамаи чиптаҳо барои парвози аввалин фурӯхта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Панҷакент ва Душанбе–Кӯлоб хабар дод. Ин ширкат иттилоъ дода буд, ки аввалин парвоз аз Душанбе ба Панҷакент рӯзи 14 январ дар назар аст. Арзиши чиптаи ин масир  400 сомонӣ гуфта мешавад.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Панҷакент соати 09:00 саҳар ва аз Панҷакент ба Душанбе соати 10:30 саҳар маълум шудааст. Парвоз 40-45 дақиқаро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ширкати “Тоҷик Эйр”, парвоз хатсайри Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд.

Парвозҳо ба ин ду масир бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом хоҳанд шуд, ки барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.

Қаблан низ ширкати “Тоҷик Эйр” гуфта буд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд. Аммо бо сабабҳои номаълум ин парвозҳо ба моҳи январ гузошта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио