Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст

Парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент, ки аз 14-уми январ ба рӯзи 16 –уми январ мавқуф гузошта шуда буд, бори дигар ба таъхир афтод. Санаи парвоз ҳамакнун 19-уми январ муқаррар шудааст. Дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сабаби асосии таъхири парвоз шароити номусоиди ҳаво дар ин масир мебошад. “Бо сабаби борон ва номусоид будани ҳаво […]

Парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент, ки аз 14-уми январ ба рӯзи 16 –уми январ мавқуф гузошта шуда буд, бори дигар ба таъхир афтод. Санаи парвоз ҳамакнун 19-уми январ муқаррар шудааст.

Дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сабаби асосии таъхири парвоз шароити номусоиди ҳаво дар ин масир мебошад.

“Бо сабаби борон ва номусоид будани ҳаво дар самти Панҷакент парвоз бори дигар ба таъхир гузошта шуд. Парвоз рӯзи якшанбе ба нақша гирифта шудаааст”, – гуфтанд дар ин ширкат.

Ёдовар мешавем, ки парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент рӯзи 14-уми январ, соати 9:00 бояд сурат мегирифт, аммо бо сабаби номусоид будани вазъи обу ҳаво ба рӯзи 16 –уми январ мавқуф гузошта шуд.

Қаблан дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки сабаби асосии таъхир, ҳавои номусоид дар масири парвоз будааст.

Намояндаи ин ширкат қаблан гуфта буд, ки ҳамаи чиптаҳо барои парвози аввалин фурӯхта шудааст. Арзиши чиптаи ин масир  400 сомонӣ гуфта мешавад. Ба гуфтаи ширкати “Тоҷик Эйр”, парвози хатсайри Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Панҷакент ва Душанбе–Кӯлоб хабар дод.

Парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Кӯлоб рӯзи 15-уми январ, бо 17 мусофир анҷом ёфт. Ба иттилои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб 30 дақиқа ва баръакс низ дар ин муддат давом кардааст.

Ба иттилои ширкати “Тоҷик Эйр”, парвоз миёни Душанбе ва Кӯлоб низ ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд. Нархи чиптаи ин масир 300 сомонӣ мебошад.

Парвозҳо ба ин ду масир бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом хоҳанд шуд, ки барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.