“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд

Ҳайатҳои “Ҳамос” ва Исроил бо миёнҷигарии Қатар ва ИМА дар шаҳри Давҳаи Қатар созишномаи оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳоро имзо кардаанд. Дар ин бора расонаҳои Исроил хабар медиҳанд. Дафтари нахуствазири Исроил ҳам ин хабарро тасдиқ кардааст. Созиши оташбас дар Ғазза ду рӯз пеш, 15-уми январ аввал аз сӯи нахуствазир Қатар ва баъдан аз ҷониби […]

Asia-Plus

Ҳайатҳои “Ҳамос” ва Исроил бо миёнҷигарии Қатар ва ИМА дар шаҳри Давҳаи Қатар созишномаи оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳоро имзо кардаанд.

Дар ин бора расонаҳои Исроил хабар медиҳанд. Дафтари нахуствазири Исроил ҳам ин хабарро тасдиқ кардааст.

Созиши оташбас дар Ғазза ду рӯз пеш, 15-уми январ аввал аз сӯи нахуствазир Қатар ва баъдан аз ҷониби сарони дигар кишварҳои дахил ба раванди музокирот эълон гардид.

Оташбас аз рӯзи 19-уми январ ба ҳолати иҷро медарояд. Тибқи ин созиш, ки пас аз беш аз якуним соли ҷанг дар Ғазза ва моҳҳои дарози музокирот ҳосил шуд, гаравганҳои исроилӣ ва ба зиндон маҳкумшудагони фаластинӣ дар чанд марҳала раҳо хоҳанд шуд. Ҳамчунин, Имроил нерӯҳои ҳарбиашро аз Ғазза берун мекашад ва барои бозсозии ин минтақа шароит фароҳам оварда мешавад.

Аммо то ҳол кафолати комил нест, ки ҳамаи бандҳои созишнома риоя меашвад. Зеро дар ҳукумати Исроил мухолифони ин созиш ҳастанд.

Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни  гуруҳи “Ҳамос” ба Исроил оғоз шуд. “Ҳамас” 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум кард ва наворро бомборон кард, ки дар пайи он 46 ҳазор кас кушта ва 90 дарсади аҳолии ин минтақа овора шудаанд. Аксар кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол Шоҳнома азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – Шоҳнома таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ