Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, пас аз анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 17-уми январ, ба Русия сафар кард. АМИТ “Ховар” менависад, ки Масъуд Пизишкиёнро Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар шахсони расмӣ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел карданд. Ба гузориши пойгоҳи иттилоотии давлати Эрон Масъуд Пизишкиён дар идомаи сафари худ […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, пас аз анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 17-уми январ, ба Русия сафар кард.

АМИТ “Ховар” менависад, ки Масъуд Пизишкиёнро Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар шахсони расмӣ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоотии давлати Эрон Масъуд Пизишкиён дар идомаи сафари худ бо мақсади дидор бо раисҷумҳури Русия аз Душанбе ба Маскав меравад.

Масъуд Пизишкиён бегоҳи 15-уми январ ба Душанбе ворид шуд. Дирӯз, 16 январ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Масъуд Пизишкиён дидори расмӣ анҷом дод ва байни мақомоти олии Эрону Тоҷикистон 23 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин бо иштироки сарони давлатҳо ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, ки зимни он боз 13 санади дигари ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 450 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Бояд гуфт, дар ҷараёни сафари давлатии худ Масъуд Пизишкиён ҳамчунин аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибин Сино дидан кард ва ба ӯ унвони “Профессори фахрӣ”-и ин донишгоҳ тақдим гардид.

Ҳамчунин дар ҳошияи сафари давлатии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон маҳфили шеъри Тоҷикистону Эрон бо иштироки шоирону адибони ду давлат, Форуми олимон ва пажӯҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон, бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ баргузор шуданд.

Дар бораи ҷузъиёти сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ва дидори ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дар матлаби “Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.