Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия

Дирӯз, 2-юми июн дар толори Театри калони шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия оғоз шуд, ки то 5-уми июни соли равон идома мекунад. Дар доираи он як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Қазон баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ додааст. Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи чорабинӣ изҳори […]

Asia-Plus

Дирӯз, 2-юми июн дар толори Театри калони шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия оғоз шуд, ки то 5-уми июни соли равон идома мекунад. Дар доираи он як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Қазон баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи чорабинӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия боз як марҳалаи муҳими дигар дар густаришу амиқтар кардани муносибатҳои анъанавии Тоҷикистону Русия ва ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии ҳамзамонон мегардад.

Олга Любимова, вазири фарҳанги Русия, гуфтааст, ки дар барномаи чорабинӣ намоишгоҳҳо ва консертҳои устодони барҷастаи санъати Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ӯ гуфтааст, миқёси Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон пайваста васеъ мешавад, ки ин ба сатҳи муносибатҳои байни кишварҳои мо комилан мувофиқ аст.

Дар консерти бошукӯҳи “Паёми дӯстӣ” дар саҳнаи Театри калон ансамблҳои рақсии “Зебо”, “Гулрез” ва “Ҷаҳоноро”, солистони ансамбли “Дарё”, Таҳмина Ниёзова, овозхони ҷавони тоҷик, Шарофат Усмонова, солисти Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва дигар ҳунармандон баромад хоҳанд кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Ҳамчунин, дар рӯзи аввали чорабинӣ дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Русия дар Маскав намоиши “Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда” шуруъ гардида, дар он зиёда аз 30 асари рассомони тоҷик ба тамошо гузошта шудааст. Матлубахон Сатториён ва Олга Любимова дар ифтитоҳи ин намоиш иштирок кардаанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Худи ҳамон рӯз, мулоқоти вазирони фарҳанги ду кишвар баргузор шуда, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ карданд. Ҳамчунин, онҳо ҳамкориҳо дар соҳаи таълимро низ баррасӣ карданд. Гуфта шудааст, ки дар макотиби олии соҳаи фарҳанги Русия ҳудуди 100 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Ҳамчунин, дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ Матлубахон Сатториён дар шаҳри Маскав аз Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) дидан намуда, бо Малишев Владимир, ректори ин муассиса ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин ҷо таҳсил мекунанд, мулоқот кардааст.

Бояд гуфт, ки баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисони ҷумҳурҳои ду кишвар дар моҳи апрел мувофиқа шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.