Тамара Абдушукурова, ҳунарпеша, коргардон ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон даргузашт

Дар бораи даргузашти Тамара Абдушукурова шогирдону пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ додаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҷанозаи марҳум имрӯз соати 19:00 дар хонааш дар Душанбе (кӯчаи Пушкин 8, хонаи 9) баргузор мешавад. Даргузашти Тамара Абдушукуроваро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе низ ба наздикону пайвандони марҳум таслият гуфт. Тамара Абдушукурова ҳунарпеша ва коргардони театри […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар бораи даргузашти Тамара Абдушукурова шогирдону пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ додаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҷанозаи марҳум имрӯз соати 19:00 дар хонааш дар Душанбе (кӯчаи Пушкин 8, хонаи 9) баргузор мешавад.

Даргузашти Тамара Абдушукуроваро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе низ ба наздикону пайвандони марҳум таслият гуфт.

Тамара Абдушукурова ҳунарпеша ва коргардони театри тоҷик буда, 24-уми августи соли 1940 дар Ғарм, ноҳияе дар шарқи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номбурда хатмкардаи Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарскийи Маскав (ГИТИС) буда, солҳо дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон фаъолият кардааст.

Ин ҳунарпешаи тоҷик дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳам чанд сол дарс гуфта, як муддат муовин ва баъдтар ректори донишкадаи мазкур буд.

Тамара Абдушукурова солҳои 1990-1992 ба ҳайси вазири фарҳанги Тоҷикистон кор кардааст.

 

Ӯ дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳои муассир, махсусан занони қавиирода дар хотираҳо нақш бастааст. Нақши Смералдино дар “Шоҳ Гавазн”, Варя дар “Ҷавоне аз шаҳри мо”, Бунафша дар “Деҳотӣ”, Нозӣ дар “Дуэл”, Мавҷуда дар “Иродаи зан” аз зумраи беҳтарин нақшҳои ӯ дар саҳнаи театр мебошанд.

Тамара Абдушукурова Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ  буда, ба ҳайси коргардон намоишномаҳои “Никоҳи мунтахаб”, “Ёрони маҳбуб”, “Беҷиҳоз”, “Зангирӣ” ва дигар намоишномаҳоро ба саҳна овардааст.

Ҳайати эҷодии “Азия-Плюс” аз даргузашти Тамара Абдушукурова андӯҳгин буда, ба пайвандону ҳаводоронаш изҳори таслият мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.