Нигаронии додситони кул аз истеҳсоли криптоасъор. Ӯ гуфт, барои истеҳсоли ғайриқонуни он 5 парванда боз шудааст

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар бо ишора ба афзоиши ҷиноятҳои вобаста “дуздии барқ”, аз истифодаи ғайриқонунии “майнинг фермаҳо” дар кишвар, ки барои истеҳсол ва коркарди рамзарз ё крептоасъор истифода мешавад, изҳори нигаронӣ кард. Ӯ, рӯзи 8-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2025-ум аз ҳисоби истифодаи ғайриқонунии барқ барои насб ва […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар бо ишора ба афзоиши ҷиноятҳои вобаста “дуздии барқ”, аз истифодаи ғайриқонунии “майнинг фермаҳо” дар кишвар, ки барои истеҳсол ва коркарди рамзарз ё крептоасъор истифода мешавад, изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ, рӯзи 8-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2025-ум аз ҳисоби истифодаи ғайриқонунии барқ барои насб ва истифодаи дастгоҳ барои “Майнинг” 32 млн сомонӣ зарар ошкор ва барқарор карда шуд.

Ба иттилои ӯ, барои насбу истифодаи дастгоҳ барои истеҳсоли рамзарз то ҳол 4-5 парванда низ оғоз шуда, тафтишот оид ба ин ҳодисаҳо идома доранд.

Ба гуфтаи ӯ, шахсони алоҳидае ҳастанд, ки аз хориҷи кишвар таҷҳизоти “Майнинг фирмаҳо”-ро ба кишвар ворид мекунанд ва ғайриқонунӣ рамзарз истеҳсол мекунанд.

Рамзарз ё криптоасъор як навъи маблағи онлайнӣ аст, ки  барои истеҳсоли он компютерҳои пуриқтидор ва интернетӣ босуръат лозим аст. Ҳамчунин, барои истеҳсоли он барқи зиёд сарф мешавад. Қонунгузории Тоҷикистон онро пурра танзим накардааст.

 

Бо ин вуҷуд, мақомот ҳамасола даҳҳо нафарро барои истеҳсоли рамзарз тавассути дастгоҳ барои майнинг, ки аксаран дар хонаҳои истиқоматиашон насб мешавад, хабар медиҳанд. Аз ҷумла, чанде пеш додситонии вилояти Суғд аз истифодаи ғайриқонунии “Майнинг фермаҳо” хабар дод.

“Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 7 ҳолат ба миқдори 135 адад таҷҳизоти “майнинг”, ки барои коркарду истеҳсоли криптоасъор дар манзилҳои истиқоматӣ истифода мешудаанд ошкор шудааст. Зарари ошкоршуда 287 ҳазору 939 сомониро ташкил медиҳад”, – гуфт мешавад дар хабар ин ниҳод.

 

Аз муштариён 273 млн сомонӣ қарзи истифодаи барқ рӯёнида шудааст

Зимнан, Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, давоми ним сол 3 ҳазору 988 нафарро барои “дуздии барқ” ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида, алайҳи 190 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Дар пайи ин, 38,7 миллион сомонӣ зарари ошкоршуда аз “дуздии барқ” ба буҷети кишвар барқарор шудааст.

 

Ҳамчунин, ба иттилои номбурда, дар ин давра 273 миллион сомонӣ қарзи истифодаи нерӯи барқ аз муштариён рӯёнида шудааст.

“То имрӯз дар кишвар қарздорӣ аз истифодаи нерӯи барқ 4 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки танҳо 1 миллиарду 600 миллиони он ба шаҳрвандон ва боқимонда ба корхонаву ташкилот дахл дорад”, – гуфт додистони кул.

Ёдрас мешавем, ки чанд моҳ қабл ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд.

Дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.