Оҷонсии назорати энергетикӣ аз риоя нашудани меъёри гармӣ дар баландошёнаҳои Душанбе нигаронӣ кард

Як гурӯҳи кории Оҷонсии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон дар пайи санҷиши чанд бинои пойтахт маълум кардаанд, ки меъёри муқарраргардидаи гармӣ дар пойгоҳҳо ва дохили биноҳо риоя намешавад. Аз ҷумла, ин ниҳод зимни санҷиш аз чанд биноҳои баландошёна дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт муайян кардаанд, ки ҳарорати гармӣ дар пойгоҳҳо то 55 дараҷа гарм аст. […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Як гурӯҳи кории Оҷонсии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон дар пайи санҷиши чанд бинои пойтахт маълум кардаанд, ки меъёри муқарраргардидаи гармӣ дар пойгоҳҳо ва дохили биноҳо риоя намешавад.

Аз ҷумла, ин ниҳод зимни санҷиш аз чанд биноҳои баландошёна дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт муайян кардаанд, ки ҳарорати гармӣ дар пойгоҳҳо то 55 дараҷа гарм аст. Дар ҳоле, ки мувофиқи меъёр ҳарорат бояд 75 дараҷа бошад.

Ҳамчунин, санҷиш дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур муайян кардааст, ки ҳарорат ба ҷои 75 дараҷа аз 40 то 48 дараҷа мебошад.

Ба таъкиди Оҷонсӣ, чунин камбуд сокинонро водор месозад, ки барои гарм нигоҳ доштани хонаҳо аз таҷҳизоти барқии иловагӣ истифода кунанд.

“Ин ҳолат, аз як тараф, сарбории иловагӣ ба низоми энергетикии мамлакат эҷод мекунад ва аз ҷониби дигар, хароҷоти иловагии молиявии шаҳрвандонро ба миён меорад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи оҷонсӣ.

Ҳамчунин, ин ниҳод зимни назорат маълум кардааст, ки дар бархе хонаҳои сокинон қубурҳои дохилии гармидиҳӣ дуруст пайваст карда нашудааст, ки боиси мушкилоти зиёд дар кори системаи гармӣ шудааст.

Мақомот нагуфтаанд, ки барои ин камбудиҳо касеро ҷазо додаанд ё не, танҳо ишора кардаанд, ки "ба масъулин барои бартараф сохтани мушкили супоришҳо додааст".

Ба ғайр аз ин, гурӯҳи кории ин ниҳод, аз бунгоҳи марказии гармидиҳии №2 филиали “Маркази барқу гармидиҳии 2”-и ҶСК “Барқи Тоҷик” дидан кардааст.

Дар робита ба мушкилҳое, ки дар кори ин марказ ошкор гардидааст Оҷонсӣ иттилоъ надодааст, вавле зикр кардааст, ки “барои риоя намудани меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ дастурҳо дода шуданд”.

Ёдрас мешавем, ки аз нимаи моҳи октябр дар шаҳри Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз шуд. Имсол марҳила ба марҳила 3 ҳазору 300 иншоот бо гармӣ таъмин карда шудаанд.

 

Кӣ масъули таъмини гармӣ аст?

Аз муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба “Азия Плюс” шарҳ дода буданд, ки ҳамаи масоили вобаста ба гармидиҳӣ зери назорати бевоситаи раҳбарияти шаҳри Душанбе қарор дорад.

“Дар ҳамаи қитъаҳои ноҳияҳои шаҳр барои таъмини мунтазами гармидиҳӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани мушкилот ва камбудии пайдошуда аз ҳисоби мутахассисон гурӯҳҳо (бригадаҳо)-и мобилӣ ташкил карда шудааст”, – гуфта буд намояндаи ин ниҳод.

Аммо ҳамасола бо оғози мавсими гармидиҳӣ сокинони баландошёнаҳо аз набудани гармӣ ва ё таъмини нокифояи он шикоят мекунанд.

Бояд гуфт, ҳамаи арзу шикояти марбут ба ҳолати шабакаҳои гармидиҳӣ то нуқтаи интиқол (элеватор)-и хонаи мушаххас тариқи телефони хадамоти диспетчерӣ 231-24-41 ва 231-75-01, инчунин шабонарӯзӣ бо телефонҳои 917038292, 917188292 қабул карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио