Оғози гармидиҳӣ дар Душанбе. Кадом ноҳияҳо бо гармӣ таъмин шуданд?

Шуруъ аз 18-уми окятбр марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз кардаанд. То ҳол беш аз 43% биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои пойтахт бо оби гарми қубурӣ таъмин шудаанд. Ҳамза Ҳакимзода, сармуҳандиси “Шабакаҳои гармидиҳӣ” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки рӯзҳои 18-19-уми октябр тавассути марказҳои барқу гармидиҳии №1 ва №2, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ба […]

Шуруъ аз 18-уми окятбр марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз кардаанд. То ҳол беш аз 43% биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои пойтахт бо оби гарми қубурӣ таъмин шудаанд.

Ҳамза Ҳакимзода, сармуҳандиси “Шабакаҳои гармидиҳӣ” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки рӯзҳои 18-19-уми октябр тавассути марказҳои барқу гармидиҳии №1 ва №2, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ба як қисмати ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ гармӣ интиқол шудааст.

Ба ҳолати 22-юми октябр 1285 – бинои истиқоматӣ, 31- мактаб, 31 – кӯдакистон, 6 – беморхона ва 78 – корхонаву ташкилот бо гармӣ таъмин шудаанд:

– ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ 310 иншоот;

– ноҳияи Сино 821 иншоот;

– ноҳияи Шоҳмансур 125 иншоот;

– ноҳияи Фирдавсӣ 103 иншоот.

Ҳоло биноҳо дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, Шероз, Бохтар, Саид Носир ва  Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гармӣ таъмин шудаанд.

Дар ноҳияи Сино, шаҳракҳои 82, 83, 84, маҳаллаҳои 91, 92, 101, 102, 103 ва шаҳракҳои Зарафшон 1, Зарафшон 2 бо оби гарм пайваст гардидаанд.

Дар кӯчаҳои Айнӣ, Қаротегин ва Бинокорони ноҳияи Шоҳмансур низ гармӣ интиқол дода шудааст.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ бошад кӯчаҳои Борбад, Неъмат Қарабоев ва шаҳракҳои 42, 62 бо гармӣ таъмин гардидаанд.

Имсол аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ то оғози мавсими сардӣ, марҳила ба марҳила 3 ҳазору 300 бинову иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин мегарданд.

“Барқи Тоҷик” барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, бо мақсади бо гармӣ таъмин кардани аҳолии пойтахт захираи ангишт барои эҳтиёҷи филиали МБГ №2 ва №1-умро ҳамагӣ 1,1 млн тонна муайян кардааст.

Қаблан, Ҷалолиддин Шарифов, роҳбари филиали базаи нақлиётӣ ва таъминоти ангишти “Барқи тоҷик” гуфта буд, ки то моҳи октябр беш аз 1 миллион тонна ангишт ба МБГ дастрас карда шудааст.

Ба иттилои  Оҷонсии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, нимаи дуюми моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат бахусус шабона пешгӯӣ мешавад.

Ҳамасола бо оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе сокинони бархе аз маҳаллаҳои пойтахт шикоят мекунанд, ки хонаҳояшон ба таври зарурӣ гарм нест. Махсусан ду соли охир ин мушкил ҷиддитар шуааст. Масъулин баъзан сабаби мушкилро ба норасоии маводи сӯхт ва қубурҳои обгузари худи сокинон рабт медоданд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Душанбе нерӯи гармӣ интиқол дода мешавад. Мавсими гармидиҳӣ ҳамасола аз охири моҳи октябр шурӯъ шуда, нерӯи гармӣ асосан дар ду корхона – Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 1” ва “Душанбе-2” ва дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.