Оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол чанд иншооти нав ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд?

Имсол дар шаҳри Душанбе 100 иншооти дигар ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд, ки дар маҷмуъ, 3 ҳазору 300 иншоотро ташкил медиҳад.  Ҳамза Ҳакимов, сармуҳандиси “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” ба “Азия-Плюс” гуфт, дар ноҳияи Фирдавсӣ 79 иншоот, ноҳияи Сино 31 иншоот, ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ 21 иншооти нав бори аввал ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд. Дар ноҳияи Шоҳмансур бошад дар пайи тахриби […]

Имсол дар шаҳри Душанбе 100 иншооти дигар ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд, ки дар маҷмуъ, 3 ҳазору 300 иншоотро ташкил медиҳад. 

Ҳамза Ҳакимов, сармуҳандиси “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” ба “Азия-Плюс” гуфт, дар ноҳияи Фирдавсӣ 79 иншоот, ноҳияи Сино 31 иншоот, ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ 21 иншооти нав бори аввал ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд. Дар ноҳияи Шоҳмансур бошад дар пайи тахриби биноҳо, имсол 31 иншоот кам шудааст.

Аз ин ҳисоб, имсол дар пойтахт 62 бинои истиқоматӣ, 31 идораву ташкилот ва 8 мактабу кӯдакистон бори аввал ба гармӣ пайваст мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар мавсими сармои соли гузашта 150 бинои нав дар баъзе маҳаллаҳо бори аввал ба гармӣ пайваст шуданд. Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар мавсими нав дар қисме аз маҳалла ва кӯчаҳои пойтахт шумори мушаххаси биноҳо бори аввал бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд.

“Масалан дар маҳаллаи 46-ум танҳо дар 3-4 бинои нав бори аввал қубурҳои оби гарм насб шуданд ва имсол бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар баробари ин бояд гуфт, ки аз ҳисоби тахриби хонаҳо шумори биноҳои истиқоматӣ кам шуданд”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Ҳоло Марказҳои барқу гармидиҳии (МБГ) №1 ва №2 ва дегхонаҳои ғарбиву шарқӣ дар шаҳри Душанбе, корҳои омодагӣ ба мавсими гармидиҳиро оғоз кардаанд. Ҳоло танҳо барои санҷишу корҳои техникӣ дар бархе ноҳияҳои пойтахт оби гарми қубуриро сар додаанд.

Аммо санаи дақиқи ба кор оғоз кардани марказҳои гармидиҳӣ маълум нест. Масъулин мегӯянд ин вобаста ба вазъи ҳаво буда, дар асоси тасмими ба кор оғоз кардани МБГ гирифта мешавад.

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, Марказҳои барқу гармидиҳии №1 ва №2-и шаҳри Душанбе, ба мавсими нави гармидиҳӣ пурра омода мебошанд.

Ҳамасола бо оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе сокинони бархе аз маҳаллаҳои пойтахт шикоят мекунанд, ки хонаҳояшон ба таври зарурӣ гарм нест. Махсусан ду соли охир ин мушкил ҷиддитар шуааст. Масъулин баъзан сабаби мушкилро ба норасоии маводи сӯхт ва қубурҳои обгузари худи сокинон рабт медоданд.

Бояд гуфт дар Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Душанбе нерӯи гармӣ интиқол дода мешавад. Мавсими гармидиҳӣ ҳамасола аз охири моҳи октябр шурӯъ шуда, нерӯи гармӣ асосан дар ду корхона – Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 1” ва “Душанбе-2” истеҳсол карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.