Боз як зодаи 23-солаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст

Исломиддин Раҳматов, як зодаи 23-солаи Тоҷикистон, ки дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия алайҳи Украина меҷангид, кушта шудааст. Дар ин бора маъмурияти шаҳри Юрйев-Полскии вилояти Владимири Русия хабар дода, гуфтааст, ки ин зодаи Тоҷикистон рӯзи 26-уми сентябр дар ин шаҳр ба хок супорида шуд. Ба гуфтаи манбаъ, Исломиддин соли 2002 дар Тоҷикистон ба дунё омада, пасон […]

Asia-Plus

Исломиддин Раҳматов, як зодаи 23-солаи Тоҷикистон, ки дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия алайҳи Украина меҷангид, кушта шудааст. Дар ин бора маъмурияти шаҳри Юрйев-Полскии вилояти Владимири Русия хабар дода, гуфтааст, ки ин зодаи Тоҷикистон рӯзи 26-уми сентябр дар ин шаҳр ба хок супорида шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, Исломиддин соли 2002 дар Тоҷикистон ба дунё омада, пасон ба Русия кӯчидааст. Ӯ барои хидмат дар Вазорати дифои Русия бо ин ниҳод шартнома баста, дар артиш дар рутбаи сарбози калони иктишофӣ хидмат мекардааст.

Дар мавриди марги Исломиддин Раҳматов ҷузъиёти дигаре нашр нашудааст. Фақат гуфта мешавад, ки ӯ моҳи август “ҳангоми иҷрои супоришҳое дар ҷараёни амалиёти махсуси ҳарбӣ (мақомоти Русия ҷанги зидди Украинаро чунин ном мебаранд) дар қаламрави Украина, ЛНР, ДНР" кушта шуд.

Теъдоди мушаххаси тоҷикону тоҷикистониёне, ки дар артиши Русия зидди Украина меҷанганд, маълум нест. Дар ҳамин ҳол, ба гузориши тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам"-и Украина, 930 тоҷикистонӣ аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, аз тарафи Русия ба ҷанг рафта, тақрибан 200 нафарашон кушта шудаанд.

Аз ин пештар, дар як таҳқиқоти журналистии ББС ва “Медиазона” зикр мешуд, ки 72 шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта, кушта шудаанд, ки ин дар миёни хориҷиёни кушташуда дар ин ҷанг, ки ҳуввияташон аллакай мушаххас шудааст, аз ҳама бештар мебошад.

Пештар аз ин низ чанд нафар зодагони Тоҷикистон дар ин ҷанг ҷон бохтаву ҷасади онҳо ба ватан оварда шуда буданд.

Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи ширкат ва марги шаҳрвандонаш дар ҷанги Украина вокуниши расмӣ накардааст.

Ҳарчанд, ҳанӯз аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва ба такрор аз шаҳрвандонаш хост, дар ин ҷанг иштирок накунанд, зеро он паёмади ҳуқуқӣ дорад ва муҷозот хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки Русия пас аз оғози ҷанг дар Украина ба таҷриҷ ба нерӯ эҳтиёҷ пайдо карда ва дар пайи ин ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги онҳо дар муҳоҷират, ба артиш ва ҳамин тариқ, ба ҷанг шурӯъ намуд.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.