Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон супориш дод, ки ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ (стипендияҳо) дар моҳи сентябри соли 2026 аз 15 то 25% боло бурда шавад. Раисҷмуҳур имрӯз, 16-уми декабр дар ҳузури вакилони порлумон чунин гуфт: – аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла кормандони мактабҳо ва муассиаҳои […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон супориш дод, ки ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ (стипендияҳо) дар моҳи сентябри соли 2026 аз 15 то 25% боло бурда шавад.

Раисҷмуҳур имрӯз, 16-уми декабр дар ҳузури вакилони порлумон чунин гуфт:

– аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла кормандони мактабҳо ва муассиаҳои томактабӣ 25% зиёд карда шавад;

– аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши дигар кормандони соҳаи маорфи, соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, идоракунии давдатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва идрорпулиҳои донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендияҳо 20% зиёд карда шавад;

– аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20% зиёд карда шавад;

– аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, давлатӣ ва заминавӣ на кам аз 15% индектатсия карда шавад.

Президент, ҳамчунин гуфт, аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши ҳадди ақал ба 1300 сомонӣ бардошта мешавад. Феълан ҳаҷми маоши ҳадди ақал 1000 сомонӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки соли равон ҳам маоши омӯзгорон 30%, дигар кормандони муассисаҳои бахши маориф, илму фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин муассисаҳои буҷетӣ ва идрорплуиҳо 20% афзуда буд.

Ҳамчунин, пардохтҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба он ва андозаи заминаи нафақавӣ ба андозаи 10% афзоиш зиёд шуда буд.

Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо ба таври автоматӣ баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.