Боздошти сардори идораи замини Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора

Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини шаҳри Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст ва ҳоло нисбати ӯ тафтишот идома дорад. Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Исфара рӯзи 2-юми феврал дар  нишасти хабарӣ аз вазифа сабукдӯш шудани Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини ин шаҳрро тасдиқ карда, гуфт, ки “ҳоло дар ин маврид як иттилоъ аст, ки ӯ […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини шаҳри Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст ва ҳоло нисбати ӯ тафтишот идома дорад.

Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Исфара рӯзи 2-юми феврал дар  нишасти хабарӣ аз вазифа сабукдӯш шудани Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини ин шаҳрро тасдиқ карда, гуфт, ки “ҳоло дар ин маврид як иттилоъ аст, ки ӯ бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст”.

“Ҳоло тафтишоти пешакӣ  идома дорад. То хулосаи суд содир шудан, наметавон дақиқан дар ин бора чизе гуфт”, – изҳор дошт раиси шаҳри Исфара.

Аммо дар бораи ҳаҷми пора, аз кӣ гирифтани он ва аз сӯйи кадом ниҳод боздошт шудани он тафсилот надод.

 

Як манбаи дигар аз ин ниҳод тасдиқ кард, ки Муҳаммад Бобозода айни ҳол дар боздоштгоҳ аст, аммо ӯ ҳам аз ироаи тафсилот худдорӣ кард.

Талошҳоли мо барои муайян кардани тафсилоти боздошти сардори идораи замини шаҳри Исфара аз ниҳодҳои тафтишотӣ бесамар анҷомид.

Ҳамчунин, назари худи муттаҳам ё пайвандони ӯ ҳам барои расонаҳо дастрас нест.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Исфара, Муҳаммад Бобозода аз 6-уми январ аз вазифа озод шуда, ба ҷойи ӯ Маҳина Ҷӯраева иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи замини Исфара таъин шудааст.

Бояд гуфт, боздошт ва муҷозоти масъулини идораҳои замин дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз мушкили доғ боқӣ мемонад, ки ахиран раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода низ аз он нигаронӣ кард. Ӯ дар нишасти ахири матбуотии худ гуфт, ки давоми соли 2025 дастикам 64 ҳолати қонуншиканӣ дар бахши замин аз сӯйи ниҳодҳои дахлдори кишвар ошкор шудааст.

Аз ҷумла, тобистони соли 2025 Шокирҷон Қаробоев, сардори идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда буд ва барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин (моддаи 338 КҶҶТ) айбдор шуда, бо пардохти ҷарима, аз ҷавобгарӣ озод шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.