Тухмшиканӣ дар сар. Табрикоти талабагон ва ҷазои волидон

Дирӯз, 3-юми ноябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори дар сари духтаре шикастани тухм нашр гардид, ки вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандонро ба бор овард ва онҳо аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ шудаанд. Пас аз як рӯзи нашри навор, милитсияи пойтахт ин наворро таҳқиқ намуда, муайян кардааст, ки ҳодисаи мазкур 28-уми сентябри соли […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дирӯз, 3-юми ноябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори дар сари духтаре шикастани тухм нашр гардид, ки вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандонро ба бор овард ва онҳо аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ шудаанд.

Пас аз як рӯзи нашри навор, милитсияи пойтахт ин наворро таҳқиқ намуда, муайян кардааст, ки ҳодисаи мазкур 28-уми сентябри соли ҷорӣ рух дода, талабагони дар навор инъикосфта, хонандагони синфҳои 8-ум ва 10-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошанд.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, зимни пурсиш муайян гардидааст, ки номбурдагон барои гӯё «табрикот» ва «таҷлили зодрӯз» дар сарӯ рӯи соҳибҷашн тухм мешикананд ва яке аз онҳо ин ҳолатро ба навор гирифта, бо гузашти як моҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати волидайни 4-нафар хонандагон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол гаридааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.