Дар Тоҷикистон нахустин бор ҷарроҳии шуш бо усули видеоторакоскопия анҷом шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори нахуст бо усули видеоторакоскопия ҷарроҳии шуш анҷом дода шуд. Онро табибони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони швейтсарӣ анҷом додаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ин марказ хабар доданд, аҳамияти ин навъи ҷарроҳӣ дар он аст, ки раванди барқароршавӣ нисбат ба бемороне, ки ба таври кушода ҷарроҳӣ мешаванд […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори нахуст бо усули видеоторакоскопия ҷарроҳии шуш анҷом дода шуд.

Онро табибони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони швейтсарӣ анҷом додаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ин марказ хабар доданд, аҳамияти ин навъи ҷарроҳӣ дар он аст, ки раванди барқароршавӣ нисбат ба бемороне, ки ба таври кушода ҷарроҳӣ мешаванд ҳамагӣ ду-се рӯз давом мекунад.

Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст, 41 сол дошта, бо шикоятҳои сулфа ва нафастангӣ ба марказ муроҷиат кардааст.

«Дар бемор томогрофияи компютерӣ гузаронида шуда, маълум гардид, ки дар қафаси синаи ӯ калоншавии гиреҳҳои ломфатикӣ ҷой доранд. Ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт ва табибони шведӣ ба ҳамкорони тоҷикашон баҳои баланди касбӣ доданд», – гуфтанд дар марказ.

Дар марказ ёдовар шуданд, ки ҳоло барои беморон табобат ва ҷарроҳӣ ба кишварҳои дигар сафар кардан лозим нест.

«Мо табибони ҳирфаӣ дорем, ки дар Русия, Фаронса, Швейтсария ва дигар кишварҳо низ таълим гирифтаанд», – қайд карданд дар ин шӯъба.

Дар ин марказ ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо пизишкони швейтсарӣ ҷарроҳии қафаси сина бо истифода аз фанновариҳои муосир ба нақша гирифта шудааст.

«Зиёда аз шаш сол аст, ки дар фасли баҳору тирамоҳ табибони Швейтсария ба назди мо меоянд, то бо пизишкони тоҷик амалиёти муштарак анҷом диҳанд. Бар асари паҳншавии коронавирус онҳо ду сол ба Тоҷикистон омада натавонистанд. Аммо ҳоло сарҳадҳо боз ҳастанд ва ҳамкорӣ идома дорад», – гуфтанд дар марказ.

Ба гуфтаи манбаъ, пизишкон, ки се ҳафта дар Тоҷикистон буданд ва дар шуш амалиёти нодир анҷом доданд, рӯзи 3 ноябр ба ватанашон баргаштанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин муддат як гурӯҳи пизишкони тоҷику швейтсарӣ беш аз 10 амалиёти ҷарроҳии мухталиф анҷом додаанд. Инчунин бо беморон маслиҳатти тиббӣ низ дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.