Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми январи соли 2025 бо судури чанд фармону қарори алоҳидаи худ дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ ва маҳаллӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Ин нахустин тағйироти кадрии президент  дар соли равон аст. Ҳамин тариқ, бо фармонҳои алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон аз вазифаи муовинҳои раиси вилояти Суғд барканор шуда, ба […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми январи соли 2025 бо судури чанд фармону қарори алоҳидаи худ дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ ва маҳаллӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Ин нахустин тағйироти кадрии президент  дар соли равон аст.

Ҳамин тариқ, бо фармонҳои алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон аз вазифаи муовинҳои раиси вилояти Суғд барканор шуда, ба ҷои онҳо Қосимӣ Файзулло, Ҷӯразода Ҷамшед ва Исмоилзода Зуфар таъин гардиданд. Яке аз курсиҳои муовини раиси вилоят чанд моҳи охир холӣ буд.

Сабаби барканории муовинони раиси вилояти Суғд гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.

Маълум нест, ки Мирдадо Зариф чӣ вазифа гирифтааст, вале Зоҳидзода Даврон ба курсии раиси шаҳри Конибодом такя задааст.

Ҳамчунин, бо фармонҳои алоҳидаи раисҷумҳури кишвар

Тӯхтасунзода Абдусалом, раиси шаҳри Конибодом;

Ҳошимзода Раъно, раиси шаҳри Гулистон;

Ғаффорзода Нигорахон, раиси шаҳри Бӯстон;

Муродзода Муқим, раиси ноҳияи Айнӣ;

Акрамзода Баҳодур, раиси ноҳияи Шаҳристон;

Исмоилзода Зуфар, раиси ноҳияи Зафаробод

аз вазифаҳои худ барканор шудаанд.

Сабаби барканории онҳо низ гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.

Аммо ба ҷуз Зуфар Исмолзода, раиси ҳамакнун пешини ноҳияи Зафаробод, ки муовини раиси вилояти Суғд шуд ва Муродзода Муқим, раиси пешини ноҳияи Айнӣ, ки раиси нави Зафаробод таъин гардид, маълум нест, раисони ҳамакнун пешин ба чӣ мансабҳо таъин гардидаанд.

Ба ҷои раисони шаҳру навоҳии барканоршуда бо фармони Эмомалӣ Раҳмон

Зоҳидзода Даврон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом;

Нуруллозода Фирӯза, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон;

Пӯлотзода Илҳом, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон;

Раҳимзода Рӯзибой, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Айнӣ;

Ғафурзода Рабим, иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳияи Шаҳристон;

Муродзода Муқим, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод

таъин шудаанд.

Зимнан Ҷамшед Ҷӯразода, ки муовини раиси вилояти Суғд таъин гаидид, муовини якуми вазири маориф ва илм буд, ки бо қарори ҳукумат имрӯз барканор ва муовини раиси вилоят шуд.

Ҳамчунин, Фирӯза Нуруллозода, ки раиси шаҳр Бӯстон таъин шуд, муовин якуми раиси Кумитаи кор бо занон буд, ки бо қарори ҳукумат аз вазифааш барканор ва бо фармони алоҳида раиси ин шаҳр интихоб шуд.

Маълум нест, ки дигар расиони навтаъин пештар дар кадом мансаб кор мекарданд.

Яке аз нуктаҳои таваҷҷуҳбарангези ин тағийрот барканории Абдусалом Тӯхтасунзода, раиси ҳамакнун пешини шаҳри Конибодом ва ба ҷои ӯ таъин шудани Даврон Зоҳидзода, муовини пешини раиси вилоят аст. Чунки соли гузашта ин шаҳр бо кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо дар сархати расонаҳо қарор дошт ва ахиран Додситонии куллли кишвар аз боздошти чанд гумонбар дар содир кардани ин кушторҳо хабар дод.  

Дар идомаи тағйироти кадрӣ, бо қарори ҳукумат Содиқ Имомӣ, аз вазифаи муовини вазири корҳои хорҷиии Тоҷикистон барканор ва сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин шуд. Пештар Ашраф Гулов сафири Тоҷикистон дар Туркия буд ва соли 2024 баъди ба итмом расидани муҳлати сафириаш моҳи августи соли гузашта сафири Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб таъин шуд.

Ҳамчунин, бо фармони дигари раисҷумҳур сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Парвиз Мирзозода ҳамзамон сафир дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ таъин гардид.

Имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кадрҳое, ки ба ин вазифаҳо таъин кард, барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, “онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ…” ҳидоят карда, аз онҳо даъват кардааст, ки “дар муомила бо мардум фарҳанги баланди муошират ва одобу ахлоқи намунавӣ дошта бошанд”. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо имзои як фармони дигар Мирзо Одиназодаро аз вазифаи додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ озод кард.

Сабаби барканории ӯ “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта мешавад дар шарҳи фармон.

Дар бораи кирдори ӯ маълумот дастрас нест. Вале қаблан чанд додрасе, ки бо чунин фармон озод шуда буданд, хабари даст ба фасод задани онҳо расонаӣ шуда буд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.