ВКД-и Тоҷикистон: Қирғизистон бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мактаб ва хонаҳои одамон ҳамла кард

ВКД-и Тоҷикистон гуфт, дирӯз, 16-уми сентябр, баъди эълони оташбас, Қирғизистон бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мактаби миёна ва хонаҳои истиқоматии сокинони осоиштаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара  ҳамла кард. "Аз ҷумла, 16-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 17:20, дар ҷамоати деҳоти «Овчӣ-Қалъача»-и ноҳияи Б.Ғафуров бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеъ, ки дар паҳлӯи МТМУ […]

Asia-Plus

ВКД-и Тоҷикистон гуфт, дирӯз, 16-уми сентябр, баъди эълони оташбас, Қирғизистон бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мактаби миёна ва хонаҳои истиқоматии сокинони осоиштаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара  ҳамла кард.

"Аз ҷумла, 16-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 17:20, дар ҷамоати деҳоти «Овчӣ-Қалъача»-и ноҳияи Б.Ғафуров бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеъ, ки дар паҳлӯи МТМУ №8 ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача ҷойгир аст, хароб карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин минтақа даҳҳо хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ мавриди ҳамлаи ҳарбиву низомӣ қарор гирифтааст”, – зикр мегардад дар изҳорот.

Таъкид мегардад, ки осори ҳамла ва изи силоҳу лавозимоти ҷангии низомиёни Қирғизистон ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия сокинони маҳаллиро нигарон кардааст.

Гуфта мешавад, ки то эълони оташбас қувваҳои ҳарбию низомии ҷониби Қирғизистон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Ворух ва деҳаи Чорқишлоқ ба бетартибӣ роҳ дода, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандонро валангор ва ҳаёти осоиштаи онҳоро халалдор кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 16-уми сентябр, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон низ бо нашри изҳорот, аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин иттилоъ дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.