Дастури омӯзишии собиқ сухангӯи президент барои муҳоҷирон

Беш аз як ҳазор нусха дастури омӯзишии «Таърихи Русия» барои муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия фиристода шуд, ки муаллифаш Зафар Сайидзода, номзади улуми фалсафа, сармушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба робитаҳои байнулмилалӣ ва собиқ котиби матбуотии президенти Тоҷикистон мебошад. Дастур миёни диаспораҳои тоҷикон дар Русия тақсим шуда, ҳамчунин аллакай ба мағозаҳои фурӯши китоб ва […]

ASIA-Plus



Беш аз як ҳазор нусха дастури омӯзишии «Таърихи Русия» барои муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия фиристода шуд, ки муаллифаш Зафар Сайидзода, номзади улуми фалсафа, сармушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба робитаҳои байнулмилалӣ ва собиқ котиби матбуотии президенти Тоҷикистон мебошад.

Дастур миёни диаспораҳои тоҷикон дар Русия тақсим шуда, ҳамчунин аллакай ба мағозаҳои фурӯши китоб ва китобхонаҳои Тоҷикистон ирсол гардидааст. Дар ҳавопаймоҳои хатсайри Русия низ зимни сафар мусофирон метавонанд бо ин дастур шинос шаванд.

Ин дастур барои омӯзиши мустақилонаи таърихи Русия аз давраи қадим то замони муосир пешбинӣ шудааст. Ба андешаи таҳиягари он, ҳадаф аз таълифи он кумак ба муҳоҷирони кории тоҷик барои азхуд намудани дониши зарурӣ роҷеъ ба таъриху фарҳанги Русия аст.

Бо такя ба ҳаҷми зиёди адабиёту сарчашмаҳо, муаллиф кӯшидааст, ки дар бораи таъриху фарҳанги Русия ҳарчи бештар маълумот гирдоварӣ намуда, мазмуну мундариҷаи онро мувофиқи имкон дар шакли муъҷазу мухтасар ва бо забони соддаву фаҳмо пешниҳод намояд.

Ба андешаи адиби тоҷик Абдувоҳид Ғаффорӣ, дастури омӯзишии нашршударо метавон «Таърихи Русия барои дӯстдорони Русия» низ ном бурд. «Ин ҷо муаллиф ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳаяҷон роҳ надода, танҳо ҳолати рӯҳии он касонеро ифода кардааст, ки Русия барояшон хонаи дуюм шудаасту дар он ҷо онҳо сарпаноҳу умед, имкони кору таъмини рӯзгорро дарёфтаанд», – қайд кардааст Ғаффорӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.