Муовини сарвазир ба дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи ҳаҷ дастур дод

Дар ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки аъзои комиссия оид ба омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2017» ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муовини сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки мақсади асосии ҳукумати ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи ҳаҷи фарзии соли равон мебошад. Гуфта мешавад, бинобар ин, Кумитаи дин якҷо бо […]

АМИТ «Ховар»

Дар ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки аъзои комиссия оид ба омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2017» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муовини сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки мақсади асосии ҳукумати ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи ҳаҷи фарзии соли равон мебошад.

Гуфта мешавад, бинобар ин, Кумитаи дин якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон имконияти молиявӣ, шароити зиндагии оилаи зоиринро санҷида вобаста ба адои ҳаҷ дар доираи талаботи дини мубини Ислом қарори дахлдор қабул кунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин, риояи қатъии тартиби муқарраргардида дар мавриди синну соли зоирин ва фосилаи ҳаҷи такрории шаҳрвандон таҳти назорат гирифта шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.