Коронавирус дар Тоҷикистон: 68 нафар дар як шабонарӯз бемор шуда, 2 кас фавтиданд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то соати 17:30 дақиқаи  12-уми май  дар Тоҷикистон 729 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 23 нафар бар асари он фавтидаанд. “Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, […]

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то соати 17:30 дақиқаи  12-уми май  дар Тоҷикистон 729 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 23 нафар бар асари он фавтидаанд.

“Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст”, – навиштааст вазорат.

Имрӯз намояндагони ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҷараёни брифинги онлайнӣ ба суоли “Азия-Плюс”, ки “оё ба омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бовар мекунед?”, чунин посух доданд:

“Маълумот пеш аз расидан ба вазорат, аз якчанд сатҳ мегузарад. Вазъият хеле зуд тағйир меёбад, вале омор таъхир карда метавонад”.

“Иттилооти омори мардумӣ оид ба теъдоди фавтидагон бо гумони коронавирус дар сомонаи kvtj.info мавриди омӯзиш қарор дода мешавад”, – гуфтанд намояндагони ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.