Намояндаи САҲА: “Аз ҳамлаи хушунатомез ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ ваҳшатзадаям”

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир имрӯз, 12-уми май дар мавриди ҳамла ба хабарнигори “Азия-Плюс” як баёния нашр кардааст. Ӯ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамлаварони Абдулло Ғурбатиро дархост кардааст. “Аз ҳамлаи хушунатомези 2 мард ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз AsiaPlusTj дар Душанбе, Тоҷикистон 11-уми май […]

Asia-Plus

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир имрӯз, 12-уми май дар мавриди ҳамла ба хабарнигори “Азия-Плюс” як баёния нашр кардааст. Ӯ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамлаварони Абдулло Ғурбатиро дархост кардааст.

“Аз ҳамлаи хушунатомези 2 мард ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз AsiaPlusTj дар Душанбе, Тоҷикистон 11-уми май ваҳшатзадаям. Ман аз мақомот даъват мекунам, ки гунаҳкоронро ҷустуҷӯ карда, ба ҷавобгарӣ кашанд. Воситаҳои ахбори оммаи мустақил иттилоърасони калидӣ барои ҷомеа мебошанд, хусусан, дар замони бемории ҳамагир”, – навишта шудааст дар саҳифаи расмии Ҳарлем Дезир дар Twitter.

Ёдрас мекунем, шаби 11-уми май, тақрибан соати 21:20 ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш, воқеъ дар қарибии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе 2 нафари ниқобпӯш бе ягон сабаб дарафтоданд.

Дар ин маводи мо тафсилоти ҳамла ба Абдуллоҳ ва таҳдидҳои ба унвони ӯ ирсолшуда инъикос ёфтаанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз соли гузашта дар “Азия-Плюс” ба фаъолият пардохта, қаблан бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Асосан ба таҳияи маводи видеоӣ машғул аст: аз ҷойи ҳодиса гузориш дода, ҳамчунин дар кӯчаҳо назарсанҷӣ мегузаронад.

Чанд рӯз пеш дар лоиҳаи нави “Азия-Плюс” – “Навбатдор дар шаҳр” ба сифати ровӣ иштирок карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.