Пахши дарсҳои фосилавӣ барои хонандагони мактабҳо дар ТВ “Баҳористон”

Пахши қисми аввали дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ, баҳри омӯзиши фосилавӣ ва истифодаи хонандагон аз тариқи шабакаҳои «Баҳористон» оғоз гардид. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт хабар дод, аллакай якчанд дарс пахш гардида, вобаста ба мавзӯъ он 15-20 дақиқа идома меёбад ва инчунин вазифаи хонагӣ дода мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Пахши қисми аввали дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ, баҳри омӯзиши фосилавӣ ва истифодаи хонандагон аз тариқи шабакаҳои «Баҳористон» оғоз гардид.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт хабар дод, аллакай якчанд дарс пахш гардида, вобаста ба мавзӯъ он 15-20 дақиқа идома меёбад ва инчунин вазифаи хонагӣ дода мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, дар самти банаворгирии дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ барои синфҳои 9 ва 11, бо мақсади пурра аз худ шудани барномаи таълимӣ, инчунин омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ кор бурда мешавад.

“Ҷиҳати иҷрои ин нақша, семинари омӯзишӣ барои 75 нафар омӯзгори фанҳои таълимии табиию риёзӣ ва дақиқ (алгебра, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география) ташкил ва баргузор гардид”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, сабти маҷмӯи аввали 120 дарси телевизионӣ бо давомнокии аз 15 то 20 дақиқа идома дошта, иқдоми мазкур ҳамчун қадами аввал дар рушди самти дарозмуддат, ки тамоми синфҳои аз 1 то 11-ро фаро мегирад ва дар асоси талаботи барномаҳои таълимӣ таҳия хоҳанд шуд, амалӣ мегардад.

Ёдрас мекунем, ки аз 27 апрел дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, кӯдакистону коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон таътили муваққатӣ эълон шуд: нахуст то 10 май ва сипас то 16 август. Он замон дар Вазорат изҳор дошта буданд, ки дар сурати ҷорӣ шудани карантин мактабҳои кишвар ба таълими онлайн ё дарсҳои телевизионӣ мегузаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.