Маҷмааи варзиши обии Душанбе чӣ хизматрасониҳо пешниҳод мекунад?

Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ 21 июли соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маҷмаа муддати 8 сол сохта шуда, барои бунёди он аз ҳисоби буҷети пойтахт 945 млн сомонӣ маблағ хароҷот шуд. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсия навъҳои варзиш дар об мувофиқа ва ҳамаи пешниҳоду […]

Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ 21 июли соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маҷмаа муддати 8 сол сохта шуда, барои бунёди он аз ҳисоби буҷети пойтахт 945 млн сомонӣ маблағ хароҷот шуд. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсия навъҳои варзиш дар об мувофиқа ва ҳамаи пешниҳоду тавсияҳои ин ташкилоти ҷаҳонӣ ба инобат гирифта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, то ҳол аксарият намедонанд, ки дар ин маҷмаа чӣ хизматгузориҳо пешниҳод мешаванд. Қариб аз ҳама тафсилот воқиф шудем, ба ҷуз арзиши хизматрасониҳо.

Маҷмааи варзиши обии Душанбе дар кӯчаи Карамов, рӯ ба рӯи Боғи фарҳангу фароғати ба номи Умари Хайём воқеъ аст. Маҷмаа бидуни рӯзҳои истироҳат аз соати 08:00 то 23:00 кор мекунад.

Дар он барои варзишгарон ва дӯстдорони варзиш ҳавзҳои шиноварӣ, толори аэробика, гимнастика, йога, рақс, фитнес, муҳорибаи тан ба тан, дзюдо ва толори машқ пешниҳод мешавад. Дар ин ҷо ҳамчунин метавон ба бозии теннис, футбол, баскетбол, волейбол машғул шуд. Ҳуҷраи модару кӯдак низ амал мекунад.

SPA, сауна (инфрасурх, финландӣ), ҳаммоми туркӣ, масҳгарӣ ва фито-бар низ аз ҷумлаи хизматрасониҳои маҷмаа маҳсуб меёбанд.

Дар бораи арзиши ин хизматрасониҳо ягон маълумоте ба даст оварда натавонистем. Дар маҷмаа ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки “додани маълумот дар бораи арзиши хизматрасониҳоро аз шаҳрдорӣ ба онҳо манъ кардаанд”. Дар дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба мо гуфтанд, ки “нархи хизматрасониҳо дар маҷмаа махфӣ аст”, лекин сабабашро шарҳ надоданд.

Аз ин рӯ, барои дарёфти маълумот дар бораи хизматрасонӣ ва нархи онҳо шумо метавонед ба рақами кӯтоҳи 6363 ё рақами (+992 37) 241 20 14 занг занед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.