Зинаи 99-уми Тоҷикистон дар рейтинги байнулмилалии иқтидори ҳарбӣ

Ширкати байнулмилалии Global Firepower раддабандии нави байнулмилалии иқтидорӣ ҳарбӣ (Military Strength Ranking – 2021)-ро ба нашр расонид. Мисли рейтинги байнулмилалии иқтидори ҳарбӣ дар соли 2020 байни 138 кишвари мавриди назар Тоҷикистон зинаи 99-умро ишғол мекунад. Гуфта мешавад, дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 9 ҳазор нафар адои хизмат мекунанд, ки 0,1% аз шумори аҳолии кишварро ташкил медиҳад. […]

Ширкати байнулмилалии Global Firepower раддабандии нави байнулмилалии иқтидорӣ ҳарбӣ (Military Strength Ranking – 2021)-ро ба нашр расонид.

Мисли рейтинги байнулмилалии иқтидори ҳарбӣ дар соли 2020 байни 138 кишвари мавриди назар Тоҷикистон зинаи 99-умро ишғол мекунад.

Гуфта мешавад, дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 9 ҳазор нафар адои хизмат мекунанд, ки 0,1% аз шумори аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар рейтинг қайд мешавад, ки Тоҷикистон 20 чархбол, 253 танк, 400 мошини зиреҳпӯш, 80 тӯпи вазнини кӯтоҳмил (гаубитса) ва 125 проектори мушакӣ дар ихтиёр дорад. Бинобар сабаби роҳи мустақими баромад ба баҳр надоштан, ҷумҳурӣ Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол, дар раддабандии Global Firepower зикр мегардад, ки соли гузашта Тоҷикистон ба соҳаи мудофиа 79 млн доллар равона кардааст.

Артиши Ӯзбекистон пурқувваттарин дар Осиёи Марказӣ дониста шудааст. Бо 50 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва харҷи 15 млрд доллар ба ин соҳа Ӯзбекистон дар ин рейтинг зинаи 51-умро касб кардааст.

Қазоқистон дар зинаи 62-юм ҷойгир аст: артиши ин кишвар аз 125 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иборат буда, харҷаш ба соҳаи мудофиа ба 4 млрд доллар дар як сол баробар аст.

Туркманистон зинаи 86-умро ишғол намуда, 22 ҳазор хизматчии ҳарбӣ дорад ва ба бахши мудофиа солона 800 млн доллар маблағ масраф мекунад.

Қирғизистон дар мақоми 93-юм ҷойгир буда, артишаш аз 11 ҳазор нафар афсарону сарбозон иборат аст ва харҷи солонааш ба соҳаи мудофиа 20 млн долларро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".