Ширкати “Аэрофлот”-и Русия ҳам барои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон иҷоза гирифт

Ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза гирифта, то ин дам ба Маскав ду парвоз анҷом дод. Шумори парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни Русия зиёд шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ. Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза гирифта, то ин дам ба Маскав ду парвоз анҷом дод.

Шумори парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни Русия зиёд шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ.

Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 ба ширкати “Аэрофлот” барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза дод. Ширкат то ин дам аллакай рӯзҳои 22 ва 23 июн бо самти Душанбе-Шереметево ду парвоз иҷро кард”, – изҳор доштанд дар Агентӣ.

Ҳамчунин дар Агентӣ зикр карданд, ки пас аз анҷоми ду парвоз ҳоло ширкат бо дархости иҷрои парвозҳои дигар муроҷиат накардааст.

“Агар “Аэрофлот” бо дархости иҷрои парвозҳо муроҷиат кунад, бемамониат иҷоза мегирад”, – гуфтанд дар Агентӣ.

Тибқи маълумоти Агентии авиатсияи граждании кишвар, айни замон аз Тоҷикистон ба 33 шаҳри Русия парвозҳо анҷом дода мешаванд. Парвозҳои доимӣ танҳо аз Душанбе ба Маскав сурат мегиранд.

То “Аэрофлот” дигар ширкатҳои ҳвопаймоии Русия – «Азур Эйр», «Северный ветер», S7 Airlines, «Уральские авиалинии»,  Utair ва «Ямал» аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳо иҷро мекарданд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи май Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ нархи ниҳоии билетҳои ҳавопаймоиро дар сатҳи на бештар аз 500 доллар муқаррар кард.

Он замон аз шаҳрвандон дархост шуда буд, ки дар сурати аз нархи 500 доллар зиёдтар фурӯхта шудани билетҳо, дарҳол ба Агентии авиатсияи гражданӣ ё ба телефони боварии 236-53-34 муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.