Шаби солинавӣ ҳамроҳ бо «Азия-Плюс». Шакли комили маросими Tarona Music Award-2021

Имсол ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли кишвар ва 25-солагии "Азия-Плюс" мо ҷоизаи мусиқавии худ Суруди солро эҳё кардем. Акнун номи он Tarona Music Award. Маросими ҷоизасупорӣ 11 декабр баргузор шуд. Дар саҳнаи "Кохи Суруш" маъруфтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик бо суруду оҳангҳое, ки шунавандагони радиои "Азия-Плюс" дӯст доштанду пазируфтанд ва аз озмуни мо ҷоиза бурданд, ҳунарнамоӣ карданд: Шабнами Сурайё, Фарзонаи […]

Asia-Plus

Имсол ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли кишвар ва 25-солагии "Азия-Плюс" мо ҷоизаи мусиқавии худ Суруди солро эҳё кардем. Акнун номи он Tarona Music Award.

Маросими ҷоизасупорӣ 11 декабр баргузор шуд. Дар саҳнаи "Кохи Суруш" маъруфтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик бо суруду оҳангҳое, ки шунавандагони радиои "Азия-Плюс" дӯст доштанду пазируфтанд ва аз озмуни мо ҷоиза бурданд, ҳунарнамоӣ карданд: Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова, Мино, Мехрнигори Рустам, Сафармуҳаммад, Мадина Ақназарова, Мубориз Усмонов, Чоршанбе Аловатов, «Авесто», «Шамс», «Парем», Хуҷастаи Мирзовалӣ, Дамирбек Олимов, Валидҷон Азизов.

Ибтикори баргузории маросимро яке аз бузургтарин бонкҳои кишвар  – "Ориёнбонк" дар рӯзҳои нахустин пуштибонӣ кард ва шарики кулли маросим ҳам имсол 30-солагияшро ҷашн гирифт!

Шарики расми ширкати Мармарӣ, шарики зебоишиносӣ ширкати – Promoitalia Dushanbe, шарики вижа – Тоҷик Кристалл, шарики бимавӣ – Асри 21, шарики сармоягузор – Fiftyfive Group, шарики дилпазир – Impero Home, шарики саломатӣ – оби ReO шуданд, масъулияти таъмини амниятро «Барс» ба дӯш дошт, шарики нерумандӣ – @Alhadaya Tajikistan, шарики Маросим – Sooroosh Media ва меҳмондори мо – Ресто-клуб LOFT буданд.

Мо шоҳиди вокунишҳои бисёр хубу мусбат аз касоне шудем, ки дар консерти мо ҳузур пайдо карданд ва ҳамчунин суолҳои зиёд аз касоне дода шуд, ки мехостанд дар маросими мо ширкат кунанд, вале натавонистанд.  

Аммо ҳоло шаби Соли нав аст ва шумо метавонед ин ҳама сруду таронаҳо ва иҷроҳои бошукуҳро бинанда бошед!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.