Ҳамлаи саги дайду ба 16 нафар сокини Кӯлоб

Як саги дайду ва эҳтимолан ҳорӣ ба 16 нафар сокини шаҳри Кӯлоб ҳамла карда, ба онҳо осеб расонидааст. Дар ин бора аз Маркази санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон хабар дода, таъкид намуданд, ки ин ҳодиса дирӯз, 12 – уми сентябр, рух додааст. “Дар аввал 3 – 4 нафар ба беморхона бо ҷароҳатҳои гуногун муроҷиат карданд. Баъдан, […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Як саги дайду ва эҳтимолан ҳорӣ ба 16 нафар сокини шаҳри Кӯлоб ҳамла карда, ба онҳо осеб расонидааст. Дар ин бора аз Маркази санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон хабар дода, таъкид намуданд, ки ин ҳодиса дирӯз, 12 – уми сентябр, рух додааст.

“Дар аввал 3 – 4 нафар ба беморхона бо ҷароҳатҳои гуногун муроҷиат карданд. Баъдан, аз ҳисоби мутахассисони Маркази санитарию эпидимиологии вилоят дар минтақаи Кӯлоб ва табибон гуруҳи махсус таъсис ва ҳамаи 16 нафар зарардидагон ба беморхона оварда шуданд”, – гуфт манбаъ аз Маркази санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ҳамаи захмиён кумаки аввалияи тиббӣ расонида, ваксинаи зиддӣ бемории ҳорӣ гузаронида шуд. Айни ҳол вазъи саломатии ҳамаи зарардидагон муътадил арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин, саги дайду безарар ва барои ташхис ба шуъбаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар минтақаи Кӯлоб фиристода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.